То кай мо ба мақомот муроҷиат кунем ва баъд мушкилотамон бартараф шаванд?

Январь 5, 2016 16:21

Душанбе,05.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Ҷамшед Ёров, сокини маҳаллаи Зарафшон М4, бинои 8, хонаи 2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба унвони АМИТ «Ховар» бо чунин мазмун муроҷиат намуд: « Тақрибан як моҳ пеш ду корманди кооперативи моликони манзили 12-и ноҳияи Сино бо номҳои Савриниссо ва Шоҳин омада, истиқоматкунандагони бинои моро водор намуданд, ки барои гарм намудани ҳуҷраҳои истиқоматиамон дар фасли зимистон қубурҳои обгузари таҳхонаро барои интиқоли оби гарм аз ҳисоби худамон таъмир намоем. Бо ин мақсад раиси маҳалла Исмат Набиев аз мо маблағи 80 сомонӣ ҷамъ намуда, дар якҷоягӣ бо Савриниссо ва Шоҳин устоҳоро оварда, қубурҳои обгузарро таъмир намуданд. Аммо сифати таъмир ба талабот ҷавоб намедод, зеро нуқсонҳои ҷойдошта дар қубурҳои обгузар пурра бартараф нагардида буданд, ки ҳатто як маротиба боиси рух додани ҳолати садамавӣ- зери об мондани таҳхона гардид. Мо сокинон оби ҷамъшударо оҷилан ба берун баровардем, чунки дар таҳхонаи бино ноқилҳои барқ ҷойгиранд ва рух додани ҳодисаи нохуш аз эҳтимол дур набуд.
Бо вуҷуди таъмир гардидани қубурҳои обгузар ва интиқоли оби гарм хонаҳои зисти мо дар фасли сармо ба таври зарурӣ бо гармӣ таъмин нагардиданд. Масъулин сабаби онро дар пурра таъмир нашудани қубурҳои интиқолдиҳандаи оби гарм дар таҳхонаҳои биноҳои истиқоматии тамоми маҳаллаи Зарафшон маънидод карда, бо ин мушкил ба пуррагӣ сар надодани оби гармро ба қубурҳои обгузар баҳона пеш меоранд».
Хабарнигори «Ховар» ин масъаларо пайгирӣ намуда, бо сардори кооперативи моликони манзили 12-и ноҳияи Сино Савриниссо Аҳрорӣ вохӯрд ва ў дар ин хусус гуфт: «Дар ғалақаи (задвижка) таҳхонаи зикргардида нуқсон пайдо шуда, аз ҳамин сабаб таҳхонаро об зер кард ва он аз тарафи кормандони мо бартараф гардид. Аз сабаби паст будани фишори оби гарм дар қубурҳои обгузар манзилҳои зисти сокинон бо гармии муътадил таъмин намегарданд. Аз 59 хонае, ки дар бино ҷойгир аст, тақрибан 54-тои он пурра гармӣ мегирад. Агар Муассисаи шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе фишори оби гармро дар қубурҳои обгузар пурра фаъол созад, истиқоматкунандагон дигар аз таъмини гармӣ танқисӣ намекашанд».
Дар иртибот ба ин масъала Маҳмадулло Ятимов, директори муассисаи шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе гуфт: «Мо он биноҳоеро, ки сокинон қубурҳои обгузари таҳхонаҳоро пурра таъмир намудаанд, то 80-100 фоиз бо оби гарм таъмин намудаем. Шояд аз сабабе, ки қубурҳои обгузари ин биноҳо аз даврони шӯравӣ боқӣ мондаву кӯҳнаву фарсуда шудаанд, хонаҳоро дертар гарм мекунанд. Барои таъмини гармӣ ҳар як хона вобаста ба масоҳататаш маблағ пардохт менамояд, ки 1 метри мураббаъи он 1 сомону 03 дирамро ташкил медиҳад».
Раиси маҳаллаи Зарафшон Исмат Набиев ин масъаларо шарҳ дода, гуфт: «Барои таъмир намудани қубурҳои интиқолдиҳандаи оби гарми таҳхонаи бинои зикршуда ман аз истиқоматкунандагон маблағ ҷамъ намуда, дар шоҳидии якчанд ҳамсояаам лавозимоти заруриро харидем ва намояндагони кооперативи моликони манзили 12-и ноҳияи Сино коргарони худро оварда, дар муддати 15 рӯз таҳхонаҳоро аз таъмир бароварданд. Оид ба бартараф намудани нуқсонҳои ҷойдошта дар қубурҳои таъмиршуда якчанд маротиба ба Шоҳин муроҷиат намудам ва онҳо омада, камбудиҳоро ислоҳ намуданд. Ҳоло мушкилӣ надорем, қубурҳои таҳхона пурра таъмир шудаанд ва дар қубурҳои обгузар оби гарм ҷорист».
Суоле ба миён меояд, ки дар ҳоли вуҷуд надоштани мушкилӣ дар ин самт чаро сокини ин бино Ҷамшед Ёров бо мақсади рушанӣ андохтан ба ин масъала ба АМИТ «Ховар» муроҷиат кардааст?!
Исмат Набиев дар ҷавоб гуфт: «Сабаби муроҷиат кардани Ҷамшед Ёров он аст, ки дар даромадгоҳи таҳхонаи ў пас аз таъмир дар қубурҳои обгузар баъзе нуқсонҳо пайдо шуда, боиси зери об мондани таҳхона гардида буд. Ҷамшед бо ҳамроҳии чанд нафари дигар оби таҳхонаро холӣ намуданд. Ин навбат низ нуқсон ба назар расидааст ва Ҷамшед ба шумо муроҷиат намудааст. Аммо ў маро огоҳ накарда, якбора ба шумо муроҷиат кардааст. Агар Ҷамшед ба мо муроҷиат мекарду мо ин мушкилиро бартараф намекардем, он вақт гапи дигар буд».
Худи Ҷамшед Ёров дар ин бора мегӯяд, ки: «Истиқоматкунандагони бино оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулоне, ки ба таъмири қубурҳои обгузари таҳхона машғул буданд, борҳо муроҷиат намудаанд, аммо онҳо дар аввал саркашӣ намуда, гуфтаанд, ки корашонро анҷом додаанду барои бартараф кардани нуқсонҳои пайдошуда уҳдадор нестанд ва ба куҷое, ки муроҷиат мекунед, кардан гиред, мо ба ин тарафаш кор надорем».
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар ин маҳалла сокинон барои таъмир намудани қубурҳои обгузари таҳхонаҳо маблағи муайян ҷамъ намуда, дар ҳамкорӣ бо кооперативи моликони манзили 12-и ноҳияи Сино онҳоро таъмир намудаанд. Аммо пас аз таъмир баъзе нуқсонҳо ба назар мерасиданд, ки масъулин бояд сари вақт аз пайи ислоҳи он мешуданд.
Ҳоло истиқоматкунандагони бино дар ин самт мушкилӣ надошта, интиқоли оби гарм тавассути қубурҳо низ мунтазам ба роҳ монда шудааст.

Таҳияи Моҳинави Наврӯз

Январь 5, 2016 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Одатҳои бад яке аз омилҳои сар задани бемории саратон мебошад
Шумораи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 84,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Вобаста ба ҳамкории байналмилалӣ ва тамоюли иҷрои маҷбурии санадҳои судӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 47 шаҳрванди Тоҷикистон аз Сурия ба Ватан баргардонида шуд
«ТОБИСТОН- 2024». Дар Душанбе ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ доир шуд
Пиряхҳои Тоҷикистон объекти муҳити зист ва манбаъҳои стратегии захираҳои об мебошанд
Дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» табибони Тоҷикистон ва Эрон амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ анҷом доданд
Моҳи май Озмуни ҷумҳуриявии «Оилаи намунавӣ» дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст мегардад
Чанд андеша дар ҳошияи сафари расмии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Аврупо
Дар шаҳри Исфара сел талафот ва харобӣ ба амал наовардааст
Бахшида ба оғози Ҳафтаи аврупоии иммунизатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ҳамоиш доир гардид