Толибилмони Хатлон ба осорхона ва театр мераванд
Душанбе, 18.01.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар рӯзҳои таътили зимистона хонандагони мактабҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба тамошои осорхонаи Кӯлоб ё муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб, ки дар он зиёда аз 5 ҳазор нигораи аз шаҳру ноҳияҳо дарёфтгардида ҷамъоварӣ шудаанд, дидан намуда истодаанд.
Барои хушу гуворо гузаштани таътили зимистонаи муҳассилин шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят чорабиниҳои фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзиширо роҳандозӣ намудаанд.
Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Кӯлоб таътили зимистонаро аз тамошои намоишномаҳои гуворо дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайидалӣ Вализода оғоз карданд. Театр барои тамошобинони наврас якчанд намоишнома омода кардааст, ки тамоми моҳи январ манзури кӯдакону наврасон мегардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






