Ҳукумати ИМА барномаи навро оид ба амнияти озуқаворӣ дар Тоҷикистон оғоз менамояд

Январь 30, 2016 10:41

Душанбе, 30.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барномаи навро оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ тавассути Агентии ИМА оид ба рушди байналхалқӣ (USAID) дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон муаррифӣ намуд.
Муовини ёвари директори USAID Анн Мари Ястишок, ҷонишини аввали раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, директори намояндагии USAID дар Осиёи Марказӣ Ҷорҷ Дейкун ва директори дафтари USAID дар Тоҷикистон Кэтлин Макдоналд расман ба лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”, ки он ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани ғизои кӯдакон ва занони синни репродуктивӣ дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон равона шудааст, ҳусни оғоз бахшиданд.
Лоиҳаи мазкур, ки аз ҷониби USAID дар доираи ташаббуси Ҳукумати ИМА барои рафъи гуруснагӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон ба муҳлати се сол маблағгузорӣ мешавад, ба хонаводаҳо ва хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дар баланд бардоштани ҳосилнокӣ, гуногуншакл намудан ва беҳтар намудани сифати маҳсулоти кишоварзиашон мусоидат хоҳад кард. Бо мақсади гуногуншакл намудани анвои озуқаворӣ ва баланд бардоштани сифати ғизо дар 12 ноҳияи зери ҳадаф қарордоштаи қисмати ғарбии вилояти Хатлон, барнома фаъолияти худро дар панҷ самти бо озуқаворӣ алоқаманди хоҷагии қишлоқ, минҷумла ироаи машваратҳо дар соҳаи кишоварзӣ, обчакорӣ, боғдорӣ, маҳсулоти ширӣ ва обёрӣ ба роҳ хоҳад монд.
Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва обёрӣ дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда”-ташаббусҳои донишгоҳҳо, корхонаҳои хусусӣ ва ташкилоти ғайридавлатиеро, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагиҳои хурди фермериро бо роҳи ироаи машваратҳо дар соҳаи кишоварзӣ, таъмини дастрасӣ ба воситаҳои сифатноки истеҳсолот, хизматрасонӣ дар самти ҳамлу нақл, коркард, анборкунӣ ва маркетинги маҳсулот дастгирӣ менамоянд, ҷонибдорӣ хоҳад кард.

Январь 30, 2016 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!