Ваҳдат: 358 ҳазору 491 бех ниҳоли мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ парвариш мешавад
Ваҳдат, 06.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар бунёди боғҳои нав саҳми хоҷагиҳои ниҳолпарварӣ хеле калон аст. Яке аз онҳо КВД хоҷагии «Ниҳолпарвар»-и шаҳри Ваҳдат аст, ки тобеи Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сарварии хоҷагиро мутахассиси варзида Неъматулло Назаров ва агрономи ботаҷриба, Қурбоналӣ Шарипов ба уҳда доранд. Хоҷагӣ дорои 23 гектар замин буда, аз соли 1947 фаъолият дорад. Алҳол дар хоҷагӣ 358 ҳазору 491 бех ниҳоли мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ парвариш мешавад. Ҳамасола 75-80 ҳазор бех ниҳолҳои ин хоҷагӣ ба фурӯш мераванд. Ниҳолҳои КВД хоҷагии «Ниҳолпарвар»-и шаҳри Ваҳдат сифатан хуб буда, борҳо аз санҷиш гузаштаанд. Тибқи иттилои масъулин нархи ниҳолҳо арзон буда ва барои дарахти хуб шуданашон кафолат дода мешавад. Ниҳолпарварон азм доранд, ки навъҳои беҳтарини ток, ниҳолҳои себ, гелос, зардолу, олу, нок, шафтолу ва анорро парвариш карда, дастраси муштариён гардонанд. Хушбахтона, Тоҷикистон бо меваҳои ширину лазизу шаҳдбор ва аз ҷиҳати экологӣ тозааш, ки ба саломатии инсон таъсири мусбат доранд, дар тамоми ҷаҳон маъмулу машҳур аст.
Афзоиши босуръати аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим водор менамоянд, ки барои барқарор кардани боғҳои кӯҳна, ҷангалзор ва бунёди боғҳои нав тадбирҳои судманд андешида шаванд, зеро Тоҷикистон аз лиҳози содироти меваи тару хушк метавонад фоидаи хеле хуб ба даст орад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






