Ваҳдат: Амалисозии барномаи рушди шаҳр
Ваҳдат,15.01.2016 (АМИТ «Ховар» )- Дар соли 2015 «Барномаи рушди шаҳри Ваҳдат барои солҳои 2016 — 2020» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Дар барномаи мазкур 193 лоиҳа ворид шудааст, ки маблағи умумии он 1 миллиарду 73 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Барномаи мазкур барои муҳайё намудани фазои мусоиди соҳибкорӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии аҳолӣ заминаи воқеӣ мегузорад.
Дар ин замина, барномаи мазкур ҳамчун ҳуҷҷати асосии шаҳр афзалият ва самтҳои умумии сиёсати шаҳрро муайян менамояд, ки ба ноил шудан ба рушди устувори иқтисодии шаҳр, дастрасии осони аҳолӣ ба хизматрасониҳои заминавии иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ нигаронида шудааст.
Дар баробари амалӣ гаштани барномаи мазкур шароит муҳайё мегардад, ки ҷараёни татбиқ гардидани дигар барномаҳои соҳавӣ низ рӯ ба афзоиш оранд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






