Ваҳдат: Бардошт аз Паёми Пешвои миллат
Ваҳдат, 28.01.2016. (АМИТ “Ховар”).-27 январи соли равон дар Қасри фарҳанги шаҳри Ваҳдат оид ба Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 20 январи соли равон ироа гардид, бо иштироки раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналӣ Амир, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, фаъолону ҷавонон ва собиқадорон ҷамъомад баргузор гардид. Амирзода Раҳмоналӣ Амир Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро шарҳ дод ва барои дар амал татбиқ кардану ба мардум фаҳмонидани он роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрро вазифадор намуд. Раиси шаҳр доир ба дастовардҳои шаҳр ҳарф зада, хотиррасон кард, ки дар соли 2015 дар шаҳри Ваҳдат 3 бинои мактаб, як хобгоҳ барои омӯзгорон, 2 кӯдакистон ба истифода дода шуд, 8 корхонаи истеҳсолӣ бо зиёда аз 4000 ҷойи кор мавриди истифода қарор ёфт ва бори нахуст шоҳроҳи дутарафаи Ваҳдат- Файзобод кушода шуд, зиёда аз 1200 оила бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиду зиёда аз 1000 хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода шуд.
Зикр шуд, ки дар соли 2016 бахшида ба 25-солагии истиқлолияти давлатӣ 20 иншоот, аз ҷумла варзишгоҳ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст, Боғи фарҳангиву фароғатӣ дар маркази шаҳр, корхонаи коркарди металлҳои ранга, корхонаҳои афшурдаи помидор, истеҳсоли қубурҳои пластикӣ ва мебел, қаннодӣ ва 5 бинои мактаб дар ҳудуди шаҳр ба истифода дода мешаванд.
Дар ҷамъомад раиси шаҳр таъкид намуд, ки мушкилоти асосии ватанамон ин ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудани ҷавонон мебошад ва моро зарур аст, ки ҳарчи зудтар бо роҳҳои фаҳмондадиҳӣ сари роҳи онҳоро гирем ва нагузорем, то фарзандонамон ба доми фиреби душманони ватан афтанд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






