Вазифаи нави Эркинхон Раҳматулозода ва тағйироти дигари кадрӣ дар миёни дипломатҳои тоҷик

Январь 27, 2016 10:22

Душанбе, 27.01.2016. (АМИТ “Ховар”). — Эркинхон Раҳматуллозода, ки то ин вақт ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ буд, сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Белгия, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ таъин гардида, Солиев Рустамҷон Абдуллоевич аз ин вазифа озод гардид.

Шарифӣ Аъзамшо Латифзод аз вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ озод ва ба вазифаи ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ таъин карда шуд.

Қосимов Эркин Садриддинович бо сабаби расидан ба синни нафақа аз вазифаи сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ озод карда шуд.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Неъматов Маликшо Маҳмадшоевич ҳамзамон сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Полша таъин гардид.

Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мисри Араб Нозирӣ Хусрав ҳамзамон сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Демократии Эфиопия таъин карда шуд.

Январь 27, 2016 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд