Вазири обу энержии Покистон ба Душанбе омад
Душанбе, 11.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Имрўз. 11-уми январ вазири федералии обу энержии Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф бо ҳайати расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Нимаи дуюми ҳамин рўз мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби мамлакат Усмоналӣ Усмонзода бо вазири федералии обу энержии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф баргузор хоҳад гашт.
Дар назар аст, ки ҷонибҳо вобаста ба лоиҳаи хатти интиқоли барқи баландшиддати КАСА-1000, ки ҷонибҳои ин тарҳ қарордоди ниҳоиро моҳи ноябри соли 2015 дар Туркия ба имзо расонида буданд, гуфтугў анҷом диҳанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






