Вазорати маориф ва илм таҷлили соли навро манъ накард
Душанбе, 11.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Вазорати маориф ва илми кишвар таҷлили соли нави мелодиро манъ накарда буд. Ин нуктаро имрӯз, 11 январ зимни нишасти матбуотӣ вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддини Саид ироа намуд.
Бино ба гуфтаи вазир, фармони вазорат вобаста ба манъ кардани буридани дарахтони санавбар, ҷилавгирии пулҷамъкуниву пулситонӣ бароварда шуд.
«Сабаби манъи харидану мондани арчаҳои сунъӣ дар он буд, ки аз волидайн барои ин пул ситонида нашавад. Мо шабнишиниҳои дабдабанок, хароҷоти беҳударо манъ кардем»,-илова намуд вазир.
Бино ба гуфтаи вазир дар доираи қонуни танзими расму оинҳо, вазорат дар тарабхонаву қаҳвахонаҳо шабнишинӣ оростанро манъ карда буд. Вазорат гузаронидани маҳфилҳои фарҳангӣ, баровардани рӯзномаҳои деворӣ ва хондани шеъру сурудро иҷозат дода буд.
«Иди соли нав ин иди корхонаҳо набуда, иди хонаводагӣ мебошад ва ҳар шаҳрванди кишвар онро бояд дар иҳотаи оилаи худ таҷлил намояд. Мо дар арафаи соли нави мелодӣ ба маъюбону ятимон ва кӯдакони бепарастор туҳфаҳо тақдим намудем. Дар 77 мактаб- интернат ба беш аз 12 ҳазор кӯдак туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд»,-иброз намуд Нуриддини Саид.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






