ВКД: Оғози соли хониши зимистонаи хизматчиёни ҳарбӣ
Душанбе, 04.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар қисми низомии 3502-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ машғулиятҳои зимистонаи соли 2016 оғоз гардиданд.
Дар ҷамъомад Фармондеҳи қӯшунҳои дохилӣ полковник Бобозода Хисрав, сардорони шуъбаву хадамоти раёсат ва афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ иштирок доштанд.
Машғулиятҳои мавсимии зимистона дар 9 нуқтаи таълимӣ гузаронида шуда, барои бехатарӣ ҳангоми хизматбарӣ, сайқал додани омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ ва аз худ намудани талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти хизматӣ равона шудаанд. Дар ин машғулиятҳо сарбозон имконият пайдо мекунанд, ки унсурҳои назариявию амалиявиро дар як вақт аз худ намоянд.
Дар хотима аз ҷониби афсарону сарбозони қисмҳои низомӣ марши тантанавӣ баргузор гардид.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






