Вохӯриҳои судманд дар раёсатҳои минтақавии гумрукӣ
Душанбе, 07.01.2016. (АМИТ «Ховар»). -Таъсири буҳрони молиявӣ, ки имрӯз ҷаҳони муосирро фаро гирифтааст, на танҳо барои соҳибкорон, балки барои тамоми қишри ҷомеа таъсири манфии худро гузошта, ба пешрафти иқтисодиёт монеаҳо эҷод менамояд.
Дар робита ба ин, ҳафтаи равон бо ташаббуси шуъбаи иттилоотии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми манотиқи кишвар, аз ҷумла раёсатҳои минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, Хатлон, Бадахшон, Турсунзода ва шаҳри Душанбе вохӯрии намояндагони мақомоти гумрук бо соҳибкорону тоҷирони ватанӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ соҳибкорон оид ба бурду бохт, камбудиву норасоӣ ва мушкилоте, ки барои пешбурди фаъолияташон монеа эҷод менамоянд, ибрози назар намуданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин вохӯриҳо, мусоидати мақомоти гумрук ба аҳли тиҷорат ва ташкили шароитҳои мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки вохӯриҳои судманд идомабахши кори Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ буда, барои амалӣ гардонидани тадбирҳо дар татбиқи қонунгузории ягонаи гумрукӣ мусоидат менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






