Вокунишҳои мухталиф ба қатли маҳкумшудагон
Душанбе, 03.01. 2016 (АМИТ «Ховар»). – Вобаста ба қатли 47 нафар маҳкумшудагон, ки мувофиқи иттилои расмии Арабистони Саъудӣ рӯзи 2-юми январи соли нав ҳукми қатли онҳо амалӣ гардид, мақомоти расмӣ, намояндагону сарони ҳукуматҳои кишварҳои минтақа, инчунин сиёсатмадорону коршиносон вокуниши мухталиф нишон доданд. Аз ҷумла Федерика Могерини — намояндаи идораи сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфтааст: «Ҳодисаи мазкур метавонад ихтилофи диниро, ки аллакай ба минтақа зарари бениҳоят калон ва оқибатҳои ногуворро ворид кардааст, боз ҳам тезутунд гардонад». Ҳамчунин Ҳайдар ал-Абадӣ – сарвазири Ироқ изҳор кард, ки «Нақзи ҳуқуқи инсон барои бехатарӣ, субот ва ташаккулёбии ҷомеа дар минтақа ба оқибатҳои ногувор оварда мерасонад».








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






