Вуруди мошинҳои сабукрав ба ҷумҳурӣ коҳиш ёфт
Душанбе, 27.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — Соли 2015 вуруди мошинҳои сабукрав ба ҷумҳурӣ нисбат ба соли 2014 баробари 34,8 ҳазор адад коҳиш ёфта, 11,7 ҳазор ададро ташкил дод. Ҳамзамон вуруди амвол ва воситаҳои нақлиётӣ дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 баробари 863 миллион доллари ИМА коҳиш ёфт. Дар ин бора сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб хабар дод.
Ба гуфтаи номбурда, бархе омилҳо боиси коҳишёбии воридоту содироти амвол гардида, бар асари ин ҷамъоварии боҷи гумрукӣ кам шуд. Сабаби ин, дар навбати аввал, таъсири бӯҳрони молиявии ҷаҳон, ноустувории қурби асъори миллӣ, оқибати офатҳои табий дар ВМКБ ва як қатор омилҳои дигари воқеӣ мебошад.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ зикр шуд, ки соли гузашта ҷамъоварии боҷи гумрукӣ беш аз 3,5 миллиард сомониро ташкил дод, ки 86,6 фоизи нақшаро ташкил дода, ё баробари 508,2 миллион сомонӣ камтар аст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






