Зӯроварӣ дар оила: Пешгирӣ ва усулҳои корбарӣ
Душанбе, 22.01.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Филиали GOPA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи «Пешгирии зӯроварии хонаводагӣ» (PDV) барои Кормандони кумита ва зерсохторҳои он дар мавзўи «Нақши кумитаи кор бо занон ва оила дар ҳалли масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ» семинар баргузор гардид, ки дар он сардорони раёсату шуъбаҳо ва бахшҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шуъба ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳои Қурғонтеппа, Ваҳдат, Шаҳринав, Варзоб ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» иштирок намуданд.
Мақсади семинар баррасии масъалаҳои зӯроварии хонаводагӣ ва оқибатҳои он, усулҳои кор бо ҷабрдидагон, аз ҳолати равонии ногувор баровардани шахсони ҷабрдида, равонасозӣ ва ҳал намудани масъалаҳои зўроварии хонаводагӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар ташкилот буда, роҳу усулҳои мухталифи ҳалли мушкилоти мазкур пешниҳод гардиданд.
Дар семинар талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зўрварӣ дар оила», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Барномаи давлатии пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти пешгирии зўроварӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






