Заҳролудшавии аъзои як оила дар Кӯлоб
Душанбе, 07.01.2016. (АМИТ «Ховар»). — 4 январи соли с.2016, тахминан соати 16:30 сокинони маҳаллаи Борбади шаҳри Кулоб: Бадараева Шарифамоҳ Бедиловна, соли таваллудаш 1954 бо ҳамроҳии фарзандонаш: Одинаева Гулчеҳра Саидовна, соли таваллудаш 1984, Одинаев Рустам Саидович, соли таваллудаш 1989, Одинаева Тоҷиниссо Саидовна, соли таваллудаш 1983, Одинаев Амирхон Саидович, соли таваллудаш 1985 ва набераи ноболиғаш Кабирова Гулнисо Аюбовна, соли таваллудаш 2007, дар хонаи истиқоматиашон ҳангоми истеъмол намудани хӯрок ва хӯришҳо аз помидору бодиринги шӯркардашуда заҳролуд шудаанд.
Дар натиҷа, рӯзи 5 январ шаҳрванд Г. Одинаева бинобар сабаби заҳролуд шудан дар хонаашон ба ҳалокат расидааст. Рӯзи 6-уми январ шаҳрванд Ш. Бадараева дар ҳолати вазнин, фарзандонаш, Р. Одинаев, А. Одинаев, Т. Одинаева ва ноболиғ Г. Кабирова дар беморхона бистарӣ шудаанд. Худи ҳамин рӯз Ш. Бадараева дар беморхона ба ҳалокат расида, ноболиғ Г. Кабирова баъди расонидани ёрии аввалини тиббӣ аз беморхона ҷавоб шуда, дар хонаашон ба ҳалокат расидааст.








Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад






