«Зукоми хук» ба Тоҷикистон аз тариқи роҳи оҳан таҳдид нахоҳад кард
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар»).- «Дар Корхонаи воҳиди мусофирбарӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, хусусан зукоми хук, аз тарафи кормандони хадамоти тибби санитарии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» корҳои зиёд бурда мешаванд. Тавре ки аз расонаҳои хабарӣ маълум аст, имрӯзҳо дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ва Украина авҷи ин беморӣ зиёд ба қайд гирифта шудааст»,- гуфт сардори хадамоти тибби санитарии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳҳои оҳани Тоҷикистон» Салоҳиддин Рустамов.
Бино ба гуфтаи С. Рустамов дар тамоми қатораҳои мусофирбарӣ пеш аз сафар корҳои безараргардонӣ гузаронида мешаванд.
«Ғайр аз ин бо ҳамаи кормандоне, ки ба сафар мебароянд ва ба мусофирон хизмат мерасонанд, дарсҳои омӯзишӣ барои пешгирии бемориҳо гузаронида мешаванд. Пеш аз сафар тамоми мусофирон аз ташхиси тиббӣ гузаронида мешаванд. Инчунин ҳангоми бозгашт қатораи мусофирбарӣ дар сарҳади Тоҷикистон аз назорати тиббӣ мегузарад»,-илова намуд сардори хадамоти тибби санитарии Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳҳои оҳани Тоҷикистон».
Хушбахтона, то имрӯз миёни мусофирон ягон нишонаи бемории зукоми хук мушоҳида нашудааст.
«Барои муайян кардани нишонаҳои асосии ин беморӣ, яъне ҳарорати баланди бадан, мо дастгоҳи махсус харидем. Ташхис аз тариқи ин дастгоҳ кори масъулинро дучанд осон мекунад. Ин дастгоҳ имкон медиҳад миқдори зиёди мусофирро дар муддати кӯтоҳ аз ташхис гузаранд ва ташхис ба кори қатора халал намерасонад»,-афзуд С.Рустамов.








Дар Душанбе нахустин Анҷумани саратоншиносон ва радиологҳои Тоҷикистон доир шуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Дар Душанбе иди бостонӣ ва миллии мо-Меҳргон бо шаҳомати хосса доир мегардад
Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона






