19 донишҷӯи фаъол барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи энергетикии Маскав фиристода шуд
Душанбе, 05.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- Таъсиси филиали Донишкадаи энергетикии Маскав дар шаҳри Душанбе барои таъмини ҷумҳурӣ бо мутахассисони соҳаи гидроэнергетикӣ мусоидат намуд.
-Агар дар соли аввали таъсис филиали донишкадаи мазкур 90 донишҷӯ дошт, ҳоло ин шумора ба 125 нафар расидааст,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ Чиркина Тамара Василевна, муовини директори муассиса оид ба таълиму тарбия ва афзуд, ки дар соли 2015 19 донишҷӯи фаъоли донишкада барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи энергетикии шаҳри Маскав фиристода шуданд.
Дар нишасти матбуотӣ, ҳамчунин оид ба заминаи моддию техникии филиал, истифодаи захираҳои кадрии муқими кишвар, вазъи озмоишгоҳҳо, китобхона, аз ҷумла, китобхонаи электронӣ ва мушкилоте, ки монеи рушди таълиму тарбия дар муассисаи навтаъсис ҳастанд, суолу ҷавоб сурат гирифт.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






