А. Абдуразоқов: «Соли 2015 дар таърихи Ҳисор «соли тиллоӣ» буд
Душанбе, 02.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Соли 2015 дар таърихи Ҳисор ҳамчун «соли тиллоӣ» ва дигаргуниҳои азими иҷтимоию иқтисодӣ маҳсуб шуда, дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқи ноҳия пешравиҳои назаррас ба амал омаданд»,-зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон Абдуманнон Абдуразоқов- роҳбари дастгоҳи ноҳияи Ҳисор. Мавсуф зикр кард, ки дар соли 2015 мардуми сарбаланди ноҳия бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3000-солагии Ҳисорро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд, ки он аз ғамхориҳои Сарвари давлатамон шаҳодат медиҳад. Ва бо инояти Пешвои миллат ноҳияи Ҳисор ба шаҳр табдил меёбад.
Абдуманнон Абдуразоқов дар ҷамъи хабарнигорон доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия дар тӯли соли 2015 гузориш дода гуфт, ки ба ифтихори ҷашни 3000-солагии Ҳисор, ки моҳи октябри соли 2015 таҷлил гардид, дар ноҳия беш аз 255 иншооти дорои таъйиноти гуногун дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, хизматрасонӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ ба истифода дода шуданд, ки дар бунёди онҳо саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин соҳибкорони ноҳия калон аст. Ба истифода додани Осорхона, Кохи фарҳанг, Мактаби президентӣ, Чойхонаи миллӣ дар шакли харбуза, Варзишгоҳ барои 20 ҳазор ҷои нишаст, таҷдиди Қалъаи Ҳисор, корхонаи дӯзандагии «Шарофат» дар деҳаи Даҳбеди ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо, коргоҳи дӯзандагӣ дар деҳаи Афғонободи ҷамоати деҳоти Сомон ва чандин марказҳои гуногуни савдо ва хизматрасонӣ аз ҳамин қабиланд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






