Ҳаҷми содироти энергияи барқ ба хориҷа 18,5 млн. кВт.соат афзоиш ёфт
Душанбе, 5.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- “Бо мақсади таъмини соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо энергияи барқ дар соли 2015 ширкати «Барқи Тоҷик» дар ҳаҷми 2 млрд. 564,3 млн. кВт.соат энергияи барқро харидорӣ намуд”-,гуфт раиси ШСХК «Барқи Тоҷик» Исмоилзода Мирзо Иброҳим дирӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Раиси ширкат илова намуд, ки ҳаҷми содироти энергияи барқ ба хориҷи ҷумҳурӣ дар давраи ҳисоботӣ нисбат ба соли 2014 дар ҳаҷми 18,5 млн. кВт.соат афзоиш ёфт, ки он асосан дар фаслҳои гарм сурат гирифтааст. Аз ҷумла, ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳаҷми 1 млрд. 180,9 млн. кВт.соат барқ содирот гардидааст.
“Дар соли 2015 ҳаҷми фоиданоки энергияи барқи ба муштариёни ҷумҳурӣ интиқолшуда ба 12 млрд. 815,7 млн. кВт.соат баробар шуд, ки нисбат ба соли 2014 дар ҳаҷми 827,2 млн.кВт.соат зиёд мебошад”,-афзуд Исмоилзода Мирзо.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






