А. Қодирӣ: Боғпарварон 6 сол аз супоридани андоз озоданд

Февраль 8, 2016 15:40

Хуҷанд, 08.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 5-уми феврал бо иштироки раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар дашти Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба 110 нафаре, ки барои гирифтани замин ҷиҳати бунёди бобати интенсивӣ ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд муроҷиат намуда буданд, 765 гектар замин тақсим шуд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар шафати шаҳраки Сайҳун дар ояндаи наздик 1000 гектар боғоти сиёҳолу, зардолу, шафтолу ва бодом бунёд хоҳад шуд.
Зимни суҳбат раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба соҳибкорону боғпарвароне, ки соҳиби замин шуданд, изҳор дошт, ки яке аз ҳадафҳои асосии азхудкунии заминҳои ташналаби дашти Сомғор- ин таъсиси ҷойҳои корӣ буда, ҳиссагузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва боло бурдани неруи содиротии вилоят ва мамлакат аз ҳадафҳои дигари ин иқдом мебошад. Раиси вилоят дар идомаи суҳбат ба боғпарварон тавсия дод, ки барои бунёди боғ ниҳолҳоро аз муассисаҳои ниҳолпарварӣ якҷо бо ҳуҷҷати кафолат бигиранд. Вай ҳамзамон таъкид намуд, ки ин минтақа барои бунёди боғ хеле мусоид буда, обёрии он бар зиммаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аст ва дар ин росто мушкиле пеш нахоҳад омад. Бо назардошти он ки заминҳои ин мавзеъ нав аз худ шудаанд, соҳибкорону боғпарварон 6 сол аз супоридани ҳама гуна андоз озод мебошанд.
Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон таъкид намуд, ки бо ҳидоятҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Сайҳун наздик ба 5 ҳазор нафар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шудааст ва сокинон бояд ҳарчи зудтар хонаҳои истиқоматии худро бунёд намоянд.

Февраль 8, 2016 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Зеҳни сунъӣ ба яке аз технологияҳои серталабтарини асри рақамӣ аз лиҳози истеъмоли неруи барқ табдил меёбад
Аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Қазоқистону Русия лимӯ содирот карда мешавад
Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид