Қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакон рафъ мешавад
Душанбе, 12.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Қурғонтеппа барномаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда», ки барои беҳтару хубтар гардонидани саломатии модару кӯдак ва рафъ намудани сатҳи қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакон равона шудааст, дар қисмати ғарбии вилояти Хатлон барои 12 шаҳру ноҳияи вилоят, ки фарогири 700 деҳа аст, муаррифӣ гардид.
Дар чорабинӣ Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Элизабет Миллард, сафири нави ИМА дар Тоҷикистон ва Саида Умарзода, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзида, лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда»-ро, ки барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи оила, ҷамоат, дармонгоҳ ва кишвар равона шуда, саломатии модарон, навзодон, кӯдакон, аз ҷумла сатҳи ғизогирӣ, беҳдошт ва тозагии онҳоро беҳтар мегардонад, расман оғоз намуданд.
Лоиҳа, ки аз ҷониби USAID ба муҳлати панҷ сол маблағгузорӣ мегардад, имкониятҳои кормандони тибро дар бахши ҳифзи саломатии модару кӯдак бештар карда, ба ҷамоатҳо тавассути мураббиёни ҷамъиятии соҳаи тандурустӣ ва кумитаҳои рушди деҳот дар сайқал додани донишу малака перомуни нигаҳдории маводи ғизоӣ, тақсими буҷаи оила, коркарди заминҳои наздиҳавлигӣ ва асосҳои беҳдоштии шахсӣ, ҳамчунин дар арзёбӣ ва такмили сиёсати миллӣ дар самти ҳифзи саломатии модару кӯдак мусоидат хоҳад кард.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






