Афзоиши пасандозҳо 43,0 фоизро ташкил дод
Душанбе, 23.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Суръати баланди зиёдшавии бақияи умумии пасандозҳо дар ташкилоти қарзии мамлакат дар нахустин моҳи соли равон баръало ба назар мерасад. Бақияи пасандозҳо дар охири моҳи январи соли равон 9 492,5 млн. сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 43,0 фоиз афзуд.
Агар ба таркиби бақияи пасандозҳо назар андозем, маълум мегардад, ки 39,3 фоиз ё 3 726,9 млн. сомониро пасандозҳои шахсони ҳуқуқӣ ва 60,7 фоиз ё 5 765,6 млн. сомониро пасандозҳои шахсони воқеӣ ташкил медиҳанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, фоизи миёнавазни пасандозҳо дар моҳи сипаришуда бо пули миллӣ 16,90 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 10,61 фоизи солонаро ташкил намуд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






