Ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ дар назди вазири корҳои дохилӣ
Душанбе, 11.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дар назди вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ бо иштироки роҳбарияти сарраёсат, раёсат ва дигар ҷузъу томҳои дахлдори мақомоти корҳои дохилӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласаи васеи фаврӣ-хизматӣ масъалаҳои мавриди иҷро қарор додани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласа мавзӯ]ҳои таҳкими мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои иқтисодӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин дар ҷаласа зикр гардид, ки дар робита ба таҳким бахшидани мубориза бо ҷинояткорӣ бояд ҳамкорӣ бо аҳолӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба пешгирӣ аз хатари ифротгароӣ ва гумроҳсозии наврасону ҷавонони ноогоҳ боз ҳам зичтар ба роҳ монда шавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






