Ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таълим
Душанбе, 12.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ дар доираи баргузории маҳфили «Хонадон» бахшида ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва эълони соли 2016-соли «Фарди солим», инчунин бо мақсади омода намудани ҷавонписарону ҷавондухтарон ба ҳаёти мустақилона, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба равияҳои ифротгаро, тарғиби либоси миллӣ, ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таълим ва ба омӯзиши касбу ҳунар, таблиғи ҳаёти солим гурӯҳи корӣ ташкил гардид. Вохӯрии гурӯҳи корӣ бо ҷавондухтарон ва волидони онҳо дар деҳаи Ғазантараки ноҳияи Ғончӣ баргузор гардид.
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ғончӣ З. Азимова моҳияти нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин шарҳ дода, ба духтарон оид ба озмуни «Ҷилваи ҳусн» маълумот дод.
Табиби оилавии ноҳия Д. Мансурова дар бораи оқибатҳои никоҳи хешутаборӣ ва пешгирии он бо овардани мисолҳо сухан кард.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






