Ҳамасола дар ҷаҳон аз дуди тамоку 6 миллион нафар мефавтад
Душанбе, 04.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Ҳамасола дар ҷаҳон аз дуди тамоку қариб 6 миллион инсон ба ҳалокат мерасад, ки ин омор дар маҷмӯъ ба фавт аз Вируси норасоии масъунияти одам ВНМО/БПНМ, сил ва вараҷа зиёдтар аст. Агар чораҳои фаъолона андешида нашаванд, ин шумора то соли 2030 метавонад аз 8 миллион зиёдтар гардад». Ин матлаб имрӯз дар ҷаласаи Комиссияи экологии палатаи поёнии Парлумони кишвар, ки дар ҳузури Акрамшо Фелалиев- муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ таҳти унвони «Зарари дуди тамоку дар ҷомеа» доир гардид, баррасӣ шуд. Зикр шуд, ки таъсири тамоку ҳангоми ҳомиладорӣ дар давраи дохилибатнӣ метавонад эҳтимолияти мурдатаваллудкунӣ ва нуқсонҳои модарзодиро зиёд намояд. Он дар синни ширмакӣ метавонад сабаби синдроми марги ногаҳонии навзод гардад. Дар синни кӯдакӣ ва наврасӣ таъсири тамоку метавонад сабаби халалдоршавии ҷиддии саломатӣ ва маъюбшавӣ дар натиҷаи бемориҳои респираторӣ гардад. Дар одамони миёнсол метавонад сабаби зиёдшавии дараҷаи бемориҳои дилу рагҳо, дар давраҳои нисбатан баъдтари ҳаёт — бемориҳои саратонӣ (махсусан саратони шуш), инчунин зиёдшавии дараҷаи фавт аз бемориҳои узвҳои нафаскашӣ гардад.
Бояд зикр кард, ки Тоҷикистон соли 2013 ба Конвенсияи амсилавӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку ҳамроҳ гардид. Дар ҷаласа баъзе тавсияҳое, ки барои кишвари мо қобили қабуланд, ба мисли қабул намудани чораҳои қонунгузории мубориза бар зидди тамоку, иҷрои Конвенсияи амсилавӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку бояд дар дараҷаи умумидавлатӣ ба танзим дароварда шаванд, таҳия ва тасдиқи чорабиниҳои иҷрои қонун оид ба муборизаи зидди тамоку, ба ҷомеа фаҳмонидани зарари тамоку, зиёд намудани андоз барои тамоку ва маҳсулоти тамоку, манъ кардани фурўши тамоку ба шаҳрвандони то 18 сола, инчунин фурӯши чаканаи тамоку дар муассисаҳои таълимӣ, муолиҷавӣ, манъ кардани тамокукашӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, барои вайронкунандагон тартиб додани санади ҷавобгарии маъмурӣ ё ҷарима намудани онҳо баррасӣ шуданд.








ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад
ОГОҲӢ. То 13 ноябр дар Тоҷикистон ҳавои номусоид пешгӯӣ мешавад
Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид






