Ҳамоиши илмӣ доир ба муаммоҳои моделсозии макроиқтисодӣ
Душанбе, 27.02.2016. (АМИТ «Ховар»).- «Проблемаҳои муҳими моделсозии макроиқтисодӣ ва дурнамои истифодаи технологияҳои иттилоотӣ» — таҳти чунин унвон дирӯз дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон конфронси илмию амалӣ доир гардид.
Тавре ки аз донишкадаи мазкур хабар доданд, муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров иброз дошт, ки бо назардошти муҳимияти мавзӯи баррасишаванда моро зарур аст, ки муаммоҳои муҳими дар сатҳи макроиқтисодӣ мавҷударо бо истифодаи моделҳои макроиқтисодӣ ва технологияҳои иттилоотӣ бартараф намуда, дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳм дошта бошем.
Дар конфронс дар мавзӯъҳои «Оид ба як модели иқтисодӣ-математикӣ», «Технологияи иттилоотӣ ва пешрафти сармояи инсонӣ дар ҷабҳаи рушди иқтисод» маърӯзаҳо шунида шуданд.
Гуфта шуд, ки дар замони муосир истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ имкон медиҳанд, ки натиҷаҳои таҳқиқот воқеиятро нишон диҳанд. Бинобар ин шарҳи дурусти воқеаҳои иқтисодӣ дар шароити Тоҷикистон барои дуруст ба роҳ мондани банақшагирӣ ва идораи он мусоидат хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






