Апостилгузорӣ -дараҷаи сифати нави хизматрасонии давлатӣ дар Тоҷикистон

Февраль 1, 2016 10:46

Душанбе, 01.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-«Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимаи соли гузашта раванди ҳамроҳшавиро ба Конвенсияи Гаага оид ба бекор кардани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ба анҷом расонид»,- чунин зикр шуд зимни брифинги матбуотӣ, ки дар мавзӯи «Апостилгузорӣ-дараҷаи сифати нави хизматрасонии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ доир гардид. Намояндаи Бонки ҷаҳонӣ таъкид кард, ки аз замони ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти ин санади байналмилалӣ бо кумаки техникии Бонки ҷаҳонӣ як зумра корҳо, аз ҷумла, маводи таблиғотӣ барои апостилгузорӣ, сафарҳои шиносоӣ ва курсҳои омӯзишӣ барои кормандони масъули мақомоти ваколатдори апостилгузор ба анҷом расонида шуданд.
Ҳамзамон зикр шуд, ки дар доираи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага лоиҳаи реестри ягонаи электронии апостил татбиқ гардид. Тавассути ин реестр, ки ба талаботи муосир пурра ҷавобгӯ мебошад, шахсони манфиатдор имкон доранд ҳуҷҷати апостилгузоштаи худро аз тариқи сомонаи www.apostille.tj аз санҷиш гузаронанд. Ин реестр ба мақомоти марбута имкон медиҳад, ки раванди санҷиши қонунӣ будани ҳуҷҷатҳоро тезонад. Инчунин реестри зикргардида имконият медиҳад, ки ҳақиқӣ будани ҳуҷҷатро санҷиш намуда, кафолати ҳақиқӣ будани ҳуҷҷатро барои истифодаи минбаъда дар хориҷи кишвар муайян созад. Сохтори нав на танҳо раванди гузоштани апостилро осон мегардонад, балки аслӣ будани ҳуҷҷатро барои истифода дар хориҷи кишвар низ кафолат медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳои аъзои ин Конвенсия мебошад, ки сохтори нави рӯйхати электронии апостилро ҷорӣ намудааст, зеро чунин низом алҳол на дар ҳамаи кишварҳои аъзои ин Конвенсия амал менамояд.
Бояд тазаккур дод, ки Парлумони Тоҷикистон охири октябри соли 2015 Конвенсияи Гаагаро оид ба бекор кардани талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ ба тасвиб расонид.

Февраль 1, 2016 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд