Ҷаримабандӣ шудани 103 корманду соҳибкори инфиродӣ дар Хуҷанд
Хуҷанд, 04.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Раёсати Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ дар вилояти Суғд дар 701 муассисаи фарматсевтӣ, 114 муассисаи табобатию профилактикӣ, новобаста аз шакли моликияташон ва 334 мағоза, нуқтаву дўконҳои фурўши маводи ороишию беҳдоштӣ назорат ва санҷишҳо гузарониданд.
Дар натиҷа 451 номгўй ба миқдори 28 954 адад маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводи ороишию беҳдоштии муҳлати истифодаашон гузашта, 903 номгўй ба миқдори 22 732 адад маводи доруворӣ ва молҳои тиббии бесертификати мутобиқати сифат, 20 номгўй маводи доруворӣ ва 43 номгўй ба миқдори 1150 адад маводи ороишию беҳдоштии ба талаботи меъёрҳои муқарраршуда ҷавобгўй набуда дарёфт шуд.
Дар асоси камбудиҳои ошкоргардида нисбат ба 103 соҳибкори инфиродӣ, кормандони муассисаҳои фарматсевтӣ ва кормандони муассисаҳои табобатию пешгирикунанда парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз шуда, онҳо ба маблағи умумии 207 ҳазору 400 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






