Артиши ҷангдидаю қудратманди минтақа

Февраль 22, 2016 20:02

Душанбе, 23.02.2016 (АМИТ «Ховар») – 23-юми феврали соли 1993 бо нахустин гузашти ҳарбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз майдони марказии пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе, қадамҳои қатъӣ дар ҷодаи таъсис додани Артиши миллӣ гузошта шуд. Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаву азми қавӣ ҳамаи мушкилиҳову маҳрумиятҳои дар пеши роҳ бударо бартараф карда, давра ба давра шакл гирифт ва муҷаҳҳазу мусаллаҳ гардид. Ҳоло Артиши миллии Тоҷикистон ҳамчун нерӯи обутобёфта, ҷангдида, бошуҷоату ватандӯст яке аз муқаддасоти миллӣ – рукни муҳими давлатдории миллӣ дониста мешавад. Мувофиқи баҳогузории коршиносони ҷаҳониву минтақавии соҳа артиши Тоҷикистон, бинобар ҷангдида ва корозмуда будан, аз қудратмандтарин қувваҳои мусаллаҳи минтақа шуморида  мешавад.

АМИТ «Ховар» бахшида ба 23-юм солгарди таъсисёбии Артиши миллӣ – Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат оид ба таърихи таъсисёбии Артиши миллӣ, бурду бохти он дар давоми 23 соли охир, маводи зеринро омода карда, пешкаши хонандагон менамояд.

 

Қувваҳои мусаллаҳ – сипари боэътимоди давлат

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи Паёми ҳамасолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид менамоянд, ки воқеоту таҳаввулоти ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар яки моро ҳушдор месозад, ки  зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои истиқлолияти давлати соҳибистиқлоламонро аз даст надиҳем. Ва ин албатта амали воқеист. Чунки вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, зиёд гардидани равияву созмонҳои террористиву экстремистӣ ва дигар зуҳуроти таҳдидовари хатарнок метавонад сулҳу субот ва ҳаёти орому осудаи мардумони кишвари моро халалдор намояд.  Аз ин рӯ, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар диққати махсус зоҳир намуда, онро аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ таҳти назорати пайвастаи худ қарор додаанд. Чунки ҳеҷ як давлату халқият бе  Қувваҳои Мусаллаҳи худ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлат аст.

Се марҳалаи таъсисёбии Артиши миллӣ

Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки  кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ ё худ муноқишаҳои дохилӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне  ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд.

18-уми декабри соли 1992 аз ҷониби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расида, он дар заминаи «Фронти халқӣ» ва қувваҳое, ки Ҳукумати конститутсиониро ҷонибдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.  Ҳамин тариқ, 23-юми феврали соли 1994 дар солгарди нахустини Артиши миллӣ паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳиларо паси сар намудааст. Аз ҷумла, давраҳои сохтмону поягузории Артиш, бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвият бахшидани омодагии ҷангии он.

Ҳоло, дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ фаъолият дорад: Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ. Илова бар ин, ислоҳоти ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ ҳанӯз идома дорад.

Омодагии ҷангӣ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии кишвар, баланд бардоштани сатҳи омодагии ҳарбӣ, беҳтар гардонидани шароити моддию техникӣ ва вазъи иҷтимоии ходимони ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд. То солҳои 1997 ҷузъу томҳои навтаъсиси Артиши миллии мамлакат бинобар вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ дар кишвар барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмин намудани сулҳу субот ва  фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳаёти осоиштаи мардум ба сангарҳои оташгир сафарбар мегардиданд.

Соли 1999 аввалин машқҳои ҳарбии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ дар гарнизони Хатлон доир карда шуд. Ба ҳамин тартиб, аз ҳамон солҳо тибқи нақшаи ягонаи омодагии ҷангӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ дар дохили кишвар маҷмӯи машқҳои муштараки зидди террористӣ, тамринҳои васеи амалиётӣ-тактикӣ, машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ, ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ бо ҷалби раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои мамлакат, шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ дар ҳама гарнизонҳо ташкил ва гузаронида мешаванд. Батадриҷ баҳри ҳамоҳангсозии фаъолияти муштарак бо сохторҳои ҳамсони кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, пешгирӣ ва паҳншавии экстремизм ва сайқал додани маҳорату малакаи ҷангии ҳайати шахсӣ чӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ва чӣ берун аз он дар доираи созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳар сол тибқи нақша пайваста машқҳои васеи муштараки ҳарбӣ низ гузаронида мешавад.

Иштироки бомуваффақияти Қӯшунҳои мудофиаи зиддиҳавоии кишвар дар доираи Шабакаи муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Иттиҳоди ҷангӣ», дар доираи Қувваҳои муштараки зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ, Қувваҳои вокуниши фаврии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва баргузории чандин машқҳои муштараки низомии дигар  тасдиқи гуфтаҳои болост.

Омодасозии кадрҳои ҳарбӣ

Имрӯз сафи Артиши миллӣ, асосан аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ва Академияву омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии давлатҳои хориҷи дуру наздик, бо афсарони касбӣ пурра гардонида мешавад. То ин дам, аз ҳисоби хатмкунандагони Донишкадаи ҳарбӣ, ки ҳамасола наздики 200 нафар афсарони касбӣ онро хатм менамоянд, ҳудуди се ҳазор нафар ба ҳайати ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохтору мақомоти қудратии кишвар шомил гардидаанд.

Илова бар ин, ҳамасола афсарон ва донишҷӯёни низомии тоҷик ба муассисаҳои таҳсилоти ҳарбии Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Британияи Кабир, Канада, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Фаронса ва Амрико баҳри таҳсил, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани малакаи касбӣ фиристода мешаванд.

Тадбирҳои саривақтӣ вобаста ба тайёр намудани мутахассисон дар ин мактабҳои олӣ имкон дод, ки сафи навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратӣ бо афсарони касбӣ пурра гардонида шаванд.

Ҳоло, дар муассисаҳои олии таълимии ҳарбии хориҷи кишвар наздики 800 нафар донишҷӯёни тоҷик ва ходимони ҳарбӣ таҳсили илми низомӣ менамоянд.

Ҳамчунин дар давоми 23 соли фаъолият дар Қувваҳои Мусаллаҳ, аз ҳисоби сарбозон ҳазорон мутахассисони соҳаҳои мухталифи яроқу аслиҳа, аз қабили нишонгир-снайперҳо, парашутистон, минаҷӯён, тирандозон, нишонгиру ронандагони техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ ва дигар ихтисосҳое, ки барои Артиши миллии Тоҷикистон заруранд, омода гашта, дар комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҳайси нерӯҳои эҳтиётӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Ҳамкории низомии Вазорати мудофиа

Дар давоми солҳои сипаришуда дар доираи ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ байни вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону кишварҳои хориҷ як қатор санаду созишномаҳои ҳуқуқӣ, ки низоми муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳарбии кишварҳои ба мо ҳампаймонро мушаххас месозанд, ба имзо расонида шудаанд. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамкории самарабахшро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумлаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), “Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид оид ба «Дастгирии кӯшишҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи проблемаҳои минаҳо» ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷомеаи ҷаҳонӣ густариш додааст.

Ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ ва созмонҳои байналмилалӣ асосан дар самтҳои мубодилаи иттилооту таҷрибаомӯзӣ дар мубориза бар зидди терроризму дигар зуҳуроти номатлуб, ташкили пайвастаи машқу унсурҳои мухталифи низомӣ, омодасозии афсарони касбӣ ва расонидани кумакҳои техникӣ ба Артиши ҷавони кишвар ба роҳ монда шудааст.

Ҳоло, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёда аз 50 кишвари олам ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дорад.

Консепсияи корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ

20-уми феврали соли 2015 бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расонида шуд, ки он тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, баланд бардоштани ҳолати ахлоқию рӯҳии ҳайати шахсӣ, риояи қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини волоияти қонун, мустаҳкам намудани интизоми ҳарбӣ, баланд бардоштани мақом ва обрӯю эътибори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷомеа муайян менамояд. Чунки сатҳи баланди омодагии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ба эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии ходимони ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад.  Ин аст, ки ходимони ҳарбии қисму воҳидҳои низомӣ иштирокдорони фаъоли ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявианд.

Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, аз байн бурдани ҷинояткорӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо корҳои тарғиботию ташвиқотиро вобаста ба нақшаи пешбинишудаи фаъолият дар қисмҳои низомӣ бо ходимони ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ, асосан барои пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонуният ва талаботи бечунучарои оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ муташаккилона ба роҳ мемонанд.

Дар ин замина, як қатор дастурамалҳои методӣ, рӯзномаву маҷаллаҳо, китобу дигар маҷмӯаҳои илмӣ-методӣ, ба табъ расонида шуда, барномаҳои рангини телевизионӣ, филмҳои тарғибкунандаи ватандӯстӣ ва амсоли ин таҳия ва манзури афсарону сарбозон гардонида мешаванд.

Ҳамзамон дар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ пайваста чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ ва хизмативу маишӣ доир карда мешаванд. Барои амалӣ намудани чунин корҳо дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати мудофиаи мамлакат китобхона ва толорҳои фарҳангиву фароғатӣ муҳайё аст.

Илова бар ин, барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаи ходимони ҳарбӣ бо аҳли ҷомеа дар қисму воҳидҳои низомӣ суҳбату вохӯрии сарбозон бо волидону толибилмони мактабҳои миёна, ҷавонони то синни даъватӣ, масъулини вазорату кумитаҳо, идораҳои давлатӣ, аҳли зиёи кишвар ва дигар афроди некбини ҷомеа доир гардида, ҳамчунин пайваста маҳфилу озмунҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ба роҳ монда мешаванд.

Корҳои сохтмонӣ

Пӯшида нест, ки солҳои аввали истиқлолият ҷузъу томҳои навтаъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ дар пойгоҳҳои муассисаҳои гуногуни давлатӣ, аз ҷумла мактабҳо, боғчаи бачагон ва дигар бинову иншооти вазорату идораҳо қароргоҳ доштанд.

Батадриҷ қисмҳои низомӣ вобаста ба ҳадафу вазифаҳои худ, аз ҳудуди пойтахт ва аз дигар мавзеҳои наздики минтақаҳои аҳолинишин бароварда шуда, дар мавқеъҳои стратегии мамлакат ҷойгир карда шуданд.

Илова бар ин, дар давоми 23-соли рушду нумӯи Артиши миллӣ дар гарнизонҳои Хатлону Суғд, Хоруғ, Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ биноҳои маъмурию ситоди қисмҳои ҳарбӣ, комиссариатҳои ҳарбӣ, хобгоҳҳои аскарону афсарон, синфхонаҳои таълимӣ, иншооти ёрирасони коммуналӣ, истгоҳҳои доимӣ барои нигоҳдории техникаи ҳарбӣ ва дигар иншооти зарурии низомӣ дар муддати кӯтоҳ, бо сифати баланд, хароҷоти камтарин, бо меъёри ҳарбӣ ва талаботи ҳозиразамони низомӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.

Аз соли 1996 то соли 2015 барои сохтмони бинову иншооти дорои аҳамияти ҳарбӣ наздики 150 миллион сомонӣ харҷ гардидааст.

Масъалаи таъмини ходимони ҳарбӣ бо манзили истиқоматӣ ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тайи ин солҳо барои иҷрои ин мақсад аз ҷониби давлату ҳукумати ҷумҳурӣ корҳои зиёде амалӣ карда шудааст.                                     Дар давоми чор соли охир ҳудуди ҳамаи вилоятҳо ва пойтахти кишвар танҳо аз Вазорати мудофиа беш аз 250 нафар ходимони ҳарбӣ ва оилаҳои онҳо бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардиданд ва  бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё худ шаҳраки низомиён барои афсарону оилаҳои онҳо ҳамоно идома дорад.

Варзиш дар Артиши миллӣ

Бо мақсади ҷисман обутоб ёфтани афсарону сарбозон, баланд бардоштани маҳорату малакаи ҷангии ходимони ҳарбӣ аз соли    2003 дар тобеияти Вазорати мудофиа Клуби марказии варзишии артиш таъсис дода шуд. Клуби мазкур яке аз шохаҳои боэътимоди варзиши ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, варзишгарони он ба ҳайати дастаҳои мунтахаби кишвар шомил шуда, аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш дар садҳо мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат ва зинаҳои намоёни ифтихориро ишғол менамоянд. Варзишгарони Клуби марказии варзишии артиш барои ривоҷу равнақи варзиши ҳарбӣ саҳми арзандаи худро гузоштаанд.

Аз соли 2011 то 2015 варзишгарони клуби мазкур дар 192 мусобиқаи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, бо иштироки фаъолонаи худ бо 223 медали тилло, наздики 140 медали нуқра, 128 медали биринҷӣ, ифтихорномаҳои зиёд ва дигар туҳфаҳои арзанда сарфароз гардонида шудаанд.

Дар воқеъ агар мо ба роҳи тайкарда,  давраҳои рушду камол ва дар маҷмӯъ ба дастоварду комёбиҳое, ки Қувваҳои Мусаллаҳи ҷавони Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ ба он муваффақ гаштааст, воқеъбинона назар афканем, онро метавон ба чандин даҳсолаҳо баробар намоем.

Дар соли 2016 аз сарбози қаторӣ то ходимони ҳарбии олирутбаи Вазорати мудофиа шиори “25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо нерӯи тоза ва омодагии баланди ҷангӣ истиқбол мегирем” қабул намуда, баҳри таъмини амнияти марзу буми аҷдодӣ ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа доимо тайёранд.

Умуман талаботи қонунҳои амалкунанда, амру супоришҳо ва иқдому ташаббусҳое, ки бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди ҳайати роҳбариву фармондеҳӣ ва кулли ҳомиёни Ватан гузошта мешаванд, аз тарафи афсарону сарбозони Артиши миллӣ сари вақт ва бо сарбаландӣ иҷро мегарданд.

  

Февраль 22, 2016 20:02

Хабарҳои дигари ин бахш

МУАЛЛИМИ МАН
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб