Ҷавонони ВМКБ барои гирифтани таҳсилоти касбӣ дастрасии хубтар пайдо мекунанд.
Душанбе, 19.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дар мамлакат дар доираи Барномаи шарикии сулҳсози Иттиҳоди Аврупо лоиҳаи сесола таҳти унвони «Тақвияти нақши ҷавонон баҳри расидан ба пойдорӣ ва тағйирёбӣ» амалӣ мегардад.
Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Вазорати федеролии рушди иқтисод ва ҳамкории Олмон маблағгузорӣ мешавад. Лоиҳа дар 7 ноҳия ва шаҳри Хоруғи ВМКБ амалӣ мешавад.
Лоиҳа иқтидори дастурии Маркази таълимии минтақавии калонсолони Бадахшонро оид ба таъмини омодагии касбии ҷавонон таҳким месозад.
Барнома нияти омӯзондани чор касби ниҳоят муҳим ба 560 нафар ҷавон ва сарфароз гардондани онҳоро бо шаҳодатномаҳо дорад. Пас аз гузаштани омодагии касбӣ ҷавонон инчунин метавонанд аз хизматҳои 2 ҷузъи дигари ин лоиҳа истифода баранд: дастрасӣ ба барномаи грантҳо барои таъсиси соҳибкории хурди хусусӣ ва омӯзиши маблағҳои грантии «Барномаи маърифати шаҳрвандӣ» аз ҷониби ташкилоти шарики маҳаллии дигар «Қалам» роҳандозӣ шудааст.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






