Баргузории Конфронси илмӣ-амалии «Нақши занон дар рушди илм»
Душанбе, 16.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Чанд рӯз пеш бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа ба номи Н.Хусрав конфронси илмӣ-амалии «Нақши занон дар рушди илм» доир гардид. Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон дар ҷамъомади илмии занон дар вилоят аз набудани докторони илм аз ҳисоби занон изҳори нигаронӣ карда, ҳамчунин зикр намуд, ки аз байни занону духтарон гирандагони стипендияҳои фахрӣ, идрорпулии раиси вилояти Хатлон барои донишҷӯдухтарон ва занони дорои унвони илмӣ хеле кам мебошанд. Дар 5 муассисаи таҳсилоти олии касбии вилоят занон низ чун омӯзгору муҳаққиқ фаъолият доранд. Аз 778 нафар номзади илм, дотсентон ва профессорони мактабҳои олии вилоят 178 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Мо бояд бо ин нишондод қаноатманд нашуда, саҳми занонро дар рушди илм беҳтар намоем.
-Ба таҳсили духтарон аз зинаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз карда, то бакалавру магистратура, аспирантура ва докторантура диққат дода, теъдоди бонувони муҳаққиқро зиёд намоем, чунки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбат ба донишомӯзии духтарону занон таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои онҳо квотаи президентию идрорпулиҳо ҷудо кардааст, — афзуд М. Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ ва доктори илмҳои фалсафа.
Дар конфронс М. Шодиев, ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Қурғонтеппа иттилоъ дод, ки 40 дарсади ҳайати устодони донишгоҳро занон ташкил медиҳанд. «Агар то замони истиқлол дар Донишгоҳи Қурғонтеппа ҳамагӣ 2 зан дараҷаи илмӣ дошт, имрӯз шумораи онҳо ба 23 нафар расидааст.
Танҳо дар соли 2015 аз ҳисоби бонувон 5 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






