Барои рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ 200 ҳазор сомонӣ грант ҷудо мешавад
Душанбе, 2.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Дар соли равон 30 гранти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, аз ҷумла 7 грант ҳар яке 10 000 сомонӣ, 5 грант ҳар яке 8 000 сомонӣ ва 18 грант ҳар яке 5 000 сомонӣ барои рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ ҷудо мешавад.
Ин тадбир бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ва бо мақсади эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарон, дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ, аз қабили қолинбофӣ (таблофарш), кешбофӣ, атласу адрасбофӣ, читгарӣ, сӯзанидӯзӣ, қуроқдӯзӣ, дӯхти тоқиҳои миллӣ барои ҷавонон, мӯҳрабофӣ, сабадбофӣ, гаҳворасозӣ, сандуқсозӣ, заргарӣ, қаннодӣ, косибӣ ва гулпарварӣ роҳандозӣ мешавад.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, грантҳо барои занҳои ҳунарманд ва соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеие, ки лоиҳаҳои таҳия намудаи онҳо бозгӯи масоили умда буда, ба саҳми арзандаи занон дар рушди ҳунарҳои дастӣ ва меҳнати хонагӣ, фаъолияти соҳибкории онҳо дар ин самт ва сатҳи баланди эҷодӣ мусоидат мекунанд, ҷудо мешавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






