Беморхонаи марказии Восеъ бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мешавад
Восеъ, 06.02.2016 (АМИТТ «Ховар»).- Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ бо иштироки васеи кормандони васоити ахбори оммаи минтақаи Кӯлоб нишасти хабарӣ баргузор гардид, ки дар он раиси ноҳия Мӯсо Зариф оид ба натиҷаи фаъолияти соли 2015 иттилоъ дода, иброз дошт, ки дар давоми соли 2015 дар ноҳияи Восеъ як силсила пешравиҳо ба амал омада, сатҳи некӯаҳволии мардум низ беҳтар гардид.
Ҳамчунин Мӯсо Зариф гуфт, ки ноҳияи Восеъ асосан ноҳияи аграрӣ буда, кишоварзӣ соҳаи афзалиятнок ба ҳисоб меравад.
Дар давоми соли 2015 дар ноҳия соҳаи тандурустӣ низ рушд ёфта, дар нақша аст, ки беморхонаи марказии ноҳия пурра аз таъмири асосӣ бароварда ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз шавад.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст






