Беш аз 1900 нафар соҳиби шаҳодатномаи малакаи касбӣ гардиданд
Душанбе, 22.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Беш аз 4 ҳазор ҷойи нави корӣ танҳо дар соли сипаршуда дар ноҳияи Ҳисор таъсис дода шуд, ки аз он ҳудуди 700 ҷойи кори доимӣ ва боқимондааш ҷойҳои кори мавсимию муваққатист. Ҷойҳои нави корӣ аз ҳисоби тамоми сарчашмаҳо ва бунёди иншооти гуногун ташкил шудааст.
Дар ин давра ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳия беш аз 1900 нафар ҳамчун корҷӯй муроҷиат намудаанд. Шумораи нафароне, ки мақоми бекорӣ гирифтаанд, беш аз 1700 нафарро ташкил медиҳад, ки наздик ба 120 нафари онҳо аз рӯи бекорӣ кӯмакпулӣ ироа гардида, ҳудуди 700 корҷӯ бо ҷойҳои корӣ доимӣ таъмин шудаанд.
Инчунин тибқи Барномаи муосидат ба шуғли аҳолии ноҳия барои ба кор таъмин намудани табақаҳои аҳолие, ки дар бозори меҳнат рақобат карда наметавонанд, 40 ҷои кории мақсаднок ҷудо шуд.
Ҳамзамон, дар асоси талаботи бозори меҳнат ва ба касбомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекор ва бекасбу ҳунар дар ин давра дар ноҳия 10 ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод бо ширкати 198 кордиҳанда ташкил шуд, ки дар онҳо 80 корҷӯ бо ҷои кори доимӣ ва ҳудуди 200 нафар ба касбомӯзӣ роҳхат гирифтанд. Инчунин, беш аз 1900 шаҳрванд тавассути муассисаҳои таълимии тайёрии касбӣ, касбу ҳунарҳои гуногунро аз худ намуда, соҳиби шаҳодатномаҳои малакаи касбӣ гардиданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






