Бо коррупсия якҷоя мубориза бояд бурд
Душанбе, 29.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — Бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти ҶТ «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» вохўрии навбатии масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ бо кормандони Бонки миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромов иброз дошт, ки мақсад аз гузаронидани чунин вохӯриҳо пешгирӣ намудан аз пайомадҳои зуҳуроти номатлуби ҷомеаи имрўза, аз қабили амалҳои коррупсионӣ, суиистифода аз вазифа, гирифтани пора, қабули қарори дорои хусусияти коррупсионӣ ва ғайра ба шумор меравад.
Намояндагони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар мавзўи таҳлили хавфҳои коррупсия, роҳ надодан ва пешгирӣ намудани омилҳои коррупсионӣ, дарки амиқи зарару оқибатҳои ногувори он, масъалаҳои иҷрои бечунучарои талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ ва дар амал татбиқ намудани он дар назди ҳозирин сухан гуфтанд.
Масъулини Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар бораи иҷрои «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар ҶТ барои солҳои 2013-2020» дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дастоварду мушкилоти мавҷуда дар ин роҳ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Ҳамчунин ба иштирокдорони ҷаласа мақсад ва зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳр дода шуд. Таъкид шуд, ки барои пешгирӣ намудани гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ бояд тадбирҳои амалӣ андешида шаванд, зеро ин раванд метавонад ба ҷомеаи имрӯза таъсири манфӣ расонаду ҷавононро ба гумроҳӣ ва роҳи бад раҳнамун созад.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






