Бо «Темса» ва «Ман» равуо осон гардид
Душанбе, 17.02.2016. (АМИТ “Ховар”).-Баъди тармиму таҷдиди роҳҳои ҷумҳурӣ ва овардани автобусҳои ҳозиразамони «Темса» ва «Ман»-и истеҳсоли муштараки Олмону Туркия равуои мусофирон осон ва ба табъи дили онҳо мувофиқу муносиб гардид. Сифати хизматрасонии нақлиёти мазкур ба талаботи замона ҷавобгӯ буда, нисбат ба нақлиёти дигар беҳтар аст.
Ҷамъияти саҳҳомии пӯшидаи «Холдинги Контгрупп-Тоҷикистон» филиали «Эйшн-экспресс-терминал» баъди оғози фаъолияти терминали байналмилалии мусофирбарии шаҳри Душанбе соли 2013 соҳиби 39 автобуси мазкур гардид, ки 19 адади онро автобуси «Ман» ва 20 ададашро автобусҳои «Темса» ташкил медиҳад. Алҳол автобусҳои мазкур дар 14 хатсайри навоҳии гуногуни ҷумҳурӣ ба равуои мусофирон кумак мерасонанд. Ронандагон ҳар саҳар аз назорати духтур ва нақлиёт аз санҷиши мутахассиси назоратчӣ гузашта, ронандагон аз маслиҳату машварати роҳбарият бархурдор мешаванд. Роҳбарияти терминал мақсад доранд, ки бо пайдо шудани шароити мусоид хатсайри автобусҳоро ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монанд. Ҳамчунин ният доранд бахши терминалро дар самти роҳи Душанбе-Турсунзода бунёд ва нақлиёти ба талаботи мардум ҷавобгӯро ба кишвар ворид намоянд.
Дар ин бора сардори шуъбаи техникии ҷамъияти «Холдинги Контгрупп-Тоҷикистон» Фирӯз Насриев хабар дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






