Бонуи сарватманди чиноӣ Юй Южан кӯча мерӯбад
Душанбе, 12.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Зани чиноӣ Юй Южан — бонуи сарватманд, бо дороӣ ва даромади пулии зиёди худ метавонад умуман дар ягон ҷо кор накунад, аммо вай ҳар рӯз то баромадани офтоб тамоми кӯчаҳои Уханяро, ки дар ҳудуди он зиндагӣ мекунад, мерӯбад. Сарват барои Юй Южан осону муфт ба даст наомадааст. Ӯ фирефтаи пулу боигарӣ ҳам нест. Зану шавҳар аввал хонаи сеошёна сохтанд ва ҳуҷраҳои онро барои дигарон ба иҷора доданд. Ин амал барои хонавода фоидаи хубе овард ва онҳо боз ду бинои дигари сеошёнае бунёд намуданд. Ҳоло онҳо соҳиби 17 бинои истиқоматӣ мебошанд, ки маблағи умумиашон 1,5 миллион долларро ташкил медиҳад. Пул хосияти дигар кардани инсонҳоро дорад. Одамони доро мағруру бо такаббур мешаванд. Вале Юй Южан заррае тағйир наёфт. Даромаде, ки Юй Южан аз иҷора додани хонаҳояш ба даст меорад, барои нигаҳдории аҳли хонаводааш басанда аст. Вале ӯ ҳоло меҳнатро на чун воситаи даромад ё пулкоркунӣ, балки барои хоксориву талқини сифати меҳнатдӯстӣ ба одамон ихтиёр кардааст. Ин бону барои тозагии атрофи хонааш ҳар субҳ либоси ранги норанҷидошта ба бар намуда, аз соли 1998 ба ин ҷониб ҳар рӯз аз соати сеи субҳ ба кӯча мебарояд. Даромади моҳонааш аз ин ҳисоб 1420 юан, ки тақрибан ба 200-220 доллари амрикоӣ баробар аст, мебошад. Кори кӯчарӯбиро Юй як воситаи оромкунии асаб барои занҳо меҳисобад. «Ҳамчунин ман барои рафъи хислати бадтарини инсонӣ — танбалӣ ба ин кор даст задам, то фарзандонам аз ман ба унвони модар ибрат бигиранду меҳнатдӯст бошанд»,- мегӯяд Юй.
Писару духтари Юй низ бо ин ҳама сарват соҳиби вазифа ва кори махсусе нестанд. Онҳо коргарони оддианд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






