Бонувони тоҷики шаҳри Хабаровск симои миллату ватананд

Февраль 1, 2016 09:30

Хабаровск, 01.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрўзҳо садҳо ҳамватанони мо бо амри тақдир дар Федератсияи Русия зиндагиву фаъолият карда, нақши назарраси хешро дар рушди ватани азизамон мегузоранд. Ифтихор аз он доранд, ки соҳибватану соҳибзабонанд ва миллате ҳастанд дорои таърихи хеле қадимӣ, ки фарҳанги бойи онҳо аз қаъри ҳазорсолаҳо реша мегирад. Мо барои аз наздик шинос шудан бо кору зиндагии ҳамватанонамон, ки дар минтақаи Шарқи Дур зиндагӣ мекунанд, аз тариқи тайёра роҳ ба сўи шаҳри Новосибирск пеш гирифтем ва бояд аз он ҷо ба самти маркази минтақа- ш. Хабаровск парвоз кунем. Бояд зикр кард, ки фарқи вақти мо ва Хабаровск 6 соатро ташкил медиҳад. Баъди 5 соати парвоз ба фурудгоҳи Хабаровск расидем. Шаҳри Хабаровск дар қисмати ҷанубу шарқии ФР, дар резишгоҳи поёноби дарёи бузурги Амур ҷойгир буда, ҳамчун пойтахти минтақаи Шарқи Дур арзёбӣ шуда, зиёда аз 607 ҳазор аҳолӣ дорад. Мувофиқи маслиҳат моро собиқ мутахассиси Вазорати мехнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Муҳаммадӣ Давлатов пешвоз гирифт, зеро ў барои дидорбинии писараш Давлатҷон, ки дар он ҷо хизмати ҳарбӣ мекард, омада буд. Роҳравон хостем бо занҳои фаъоли тоҷик, ки дар ин гӯшаҳои дур ба соҳибкорӣ машғуланду дар ҳама чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии Тоҷикистон фаъолона ширкат мекунанд, шинос шавем. Раиси ҷамъияти тоҷикони Хабаровск Рустам Сафаров ва Муҳаммадӣ Давлатов моро ба назди Моҳтоб Хайруллоева, ки яке аз занҳои фаъолу соҳибкори муваффақи тоҷик аст, роҳбаладӣ карданд. Дар аснои роҳ Рустам Сафаров иброз дошт, ки маҳз муомилаи хуш апаи Моҳтобро миёни мардуми таҳҷоӣ обрӯманд гардондаасту бо вуҷуди дар шафати дӯконҳои сершумори савдо қарор доштани дӯконаш бештари мардум маҳз барои харид ба назди ӯ меоянд, чунки ӯ ҳам муомилаи хубу самимона дораду ҳам бештар меваҳои ватаниамонро ба савдо мегузорад, ки талабгоронаш хеле зиёд ҳастанд. Моҳтоб Хайруллоева дорои якчанд нуқтаи савдо мебошад, ки дар онҳо асосан меваҳои хушку тар ва зироати донагии Тоҷикистон ба фурӯш гузошта шудаанд.
Вақте мо вориди дӯкони Моҳтоб Хайруллоева шудем, дар ҳақиқат харидорони зиёде дар навбат буданду ҳар яке мехост аз меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон харид намояд. Бояд зикр кард, ки дар дӯконҳои савдои М. Хайруллоева даҳҳо ҳамватанони тоҷик бо ҷои кору маоши хуб таъминанд, ки ин ҳам аз ватандӯстиву худшиносии ин зан дарак медиҳад.
IMG_20150411_154602«Ман мактаби миёнаро дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон хатм карда, баъдан бо розигии волидонам ба Донишгоҳи савдои шаҳри Самарқанд дохил шудам. Баъди хатми донишгоҳ дар ш. Қурғонтеппа дар шуъбаи савдои шаҳр фаъолият мекардам. Аз нобасомониҳои солҳои 1992-93, ки дар Тоҷикистон гузаштанд, падари фарзандонамро аз даст додам. Дар гӯшаи хаёлам ҳам набуд, ки рӯзе ман ба ин гӯшаи дури ФР меояму муқимӣ мешавам, вале тавре ки мегӯянд, нону намаки куҷое кашида бошад, ногузир ба он ҷо меравӣ»,- мегӯяд апаи Моҳтоб.
Ӯ ҳамчунин мегӯяд, ки қаблан мехостам роҳи тиҷоратро пеш гираму аз Тоҷикистон ба Шарқи Дур меваю сабзавот биёрам ва аз ин ҷо ба Ватан молҳои ниёзи мардумро барам.
Моҳтоб мехост роҳи тиҷоратро пеш гираду рӯзгори фарзандони хурдсоли ятиммондаашро ба сомон биёрад. Бархе аз ҳамватанон ба ӯ маслиҳат медиҳанд, ки равуо миёни Шарқи Дуру Тоҷикистон дар он солҳои душвор барояш мушкилиҳоро пеш меоранду беҳтараш дар ҳамин ҷо- дар шаҳри Хабаровск то як муддати муайян ва ором шудани вазъ монаду ба тиҷорат машғул шавад. Моҳтоб, ки маълумотнок буду забони русиро хуб медонист, дар як муддати кӯтоҳ тавонист тиҷораташ рушд ёбаду мавқеашро мустаҳкам намояд. Ӯ мегӯяд, ки дар аввал душвориҳо буданд, вале ман бештар аз ҳамватанонаму аз мардуми таҳҷоӣ, ки маро дар душвортарин лаҳзаҳо дастгирӣ карданд, миннатдорам. Душвории асосӣ- ин дур будан аз диёре, ки он ҷо чашм ба олами ҳастӣ кушодаам, аз волидону пайвандон ва аз ҳамзабононам буд. Фаромӯш набояд кард, ки 20 сол пеш чӣ қадар душвор буд аз ФР ба Ватан сафар кардан. Имрӯз бубинед, шукри Худо ва ободкориҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки чандин хатсайрҳо кушода шудаанду мардум метавонанд бемамониат ба кадом самти ФР, ки хоҳанд ва дилхоҳ давлати дигари дунё сафар кунанд. Ман ифтихор мекунам ва сарбаландам, ки тоҷик ҳастам ва имрӯз ватани азизи ман- Тоҷикистон ба давлати ободу озод ва пешрафта табдил ёфтааст. Бо сухан гуфтан ҳамааш осон менамояд, вале дар амал обод сохтани Ватан чӣ қадар душвор аст, ҳатто барои як хонаро обод кардан чӣ қадар заҳмату харҷ даркор аст. Худованд баъди нобасомониҳои солҳои навадуми асри гузашта ба мардуми тоҷик фардеро дар симои Эмомалӣ Раҳмон сарвар дод, ки тавонист як кишвари ҷангзадаи вайрону валангорро ба як мулки ободу зебо табдил диҳад. Ҳеҷ кас он солҳо бовар ҳам надошт, ки ба ин ободиҳо мерасем ва имрӯз ҳар он нафари хориҷӣ ва ё ҳамватаноне, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд, шаҳрҳои шукуфону зебо ва манзараҳои нотакрори Тоҷикистонро дида, ангушти ҳайрат мегазанд.
Моҳтоб бо муҳаббату эҳтиром сухан мекарду ман бори дигар ба гуфтаҳои Давлатов ва Рустам Сафаров итминони комил пайдо кардам, ки онҳо мегуфтанд: «Апаи Моҳтоб зане ҳаст, бисёр ватандӯсту миллатдӯст. Ҳамеша кӯшиш мекунад бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва чопи мақолаҳо дар нашрияҳо ва маҷаллаҳои Хабаровск муаррифгари ватани азизамон бошад».

???????????????????????????????

Бояд тазаккур дод, ки М. Хайруллоева ҳамчун сарвари бонувони тоҷики кишвари Хабаровск миёни занон ва ҳамватанон соҳибэҳтиром аст.
-Бонувони тоҷики Хабаровск симои миллату ватананд ва бояд дар рафтору гуфтор намунаи ибрат бошанд, -мегӯяд Хайруллоева,- зеро дар симои онҳо ба зан-модари тоҷик баҳо медиҳанд аз ин рӯ, мо доимо бо маслиҳатҳои муфиду чорабиниҳои фарҳангӣ кӯшиш мекунем, бонувонро ба корҳои фарҳангӣ ҷалб намоем, зеро онҳо дар ин шаҳрҳои дури ФР чун нигоҳдорандаи расму оинҳои миллӣ ва поснигаҳдорандаи забону оинҳоямон мебошанд. Инчунин тарбияи дурусту ватандӯстии насли наврас ба маърифтанокию ахлоқи ҳамидаи модарон сахт вобастагӣ дорад. Ва дар ҳама чорабиниҳо ин нукта мавриди баррасӣ қарор мегирад. Ман ҳамчун зан-модар мехоҳам тавре ки Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳо мегӯяд, ҷавонон ба илмомӯзиву варзиш машғул шаванд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд, ҳунар омӯзанд, дӯстдори Ватан бошанд. Фақат як мақсад дошта бошанд- ободию шукуфоии Ватан, чунки агар ватанамон обод бошад, ин сарбаландиву амониву ободӣ ва пешравии ҳар як фарди Тоҷикистон аст. Дар куҷое бошем, фаромӯш накунем, ки мо як Ватан дорем ва ҳамеша паи ободии ин ватане, ки барои мо муқаддасу азиз аст, кӯшиш кунем. Мо дар ин кишвар ҳам бошем, доимо аз дастгириҳои Ҳукумати ҶТ бархурдорем ва миннатдории худро ба Ҳукумати ҶТ, шахсан ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мерасонем. Мехоҳам хоҳиши ҳама ҳамватанонамонро ба таваҷҷуҳи Ҳукумати ҶТ расонам, ки агар имкон бошад, як хатсайри Душанбе -Хабаровскро ба роҳ монанд, чунки бисёре аз ҳамватанон тавассути Новосибирск ба кишвари Шарқи Дур ва шаҳрҳои Ёқутистону Сахалину Камчатка сафар мекунанд.
Ин хатсайр дар мавсими пухта расидани меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, аз қабили олуву гелосу олуча, ки бояд дар фурсати кӯтоҳтарин оварда шаванд, то сифаташонро дар роҳи дароз гум накунанд, метавонад нақши калон дошта бошад, зеро талабгорони ин навъи меваҳо дар мо хеле зиёданд,-гуфт Моҳтоб Хайруллоева.

Таҳияи Садбарг Боқиева

Февраль 1, 2016 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд