Бунёди боғи сиёҳолу дар 790 га замини бекорхобида дар Мастчоҳ

Февраль 26, 2016 14:31

Мастчоҳ. 26.02.2016. (АМИТ “Ховар”).-Барои татбиқи барномаи давлатӣ оид ба ташкил ва аз нав бунёд намудани боғу токзор дар вилояти Суғд корҳои назаррас ба сомон расонида мешаванд. Дирӯз зимни сафари корӣ раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар ноҳияи Мастчоҳ аз мавзеи заминҳои бекорхобидаи собиқ хоҷагии У. Хайём, ки дар паҳлуи шаҳраки навбунёди Меҳробод ҷойгир асту дар ин ҷо шуруъ аз тирамоҳи соли гузашта корҳо оид ба бунёди боғи интенсивии сиёҳолу оғоз ёфтаанд, дидан намуд.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” аз раёсати кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ доданд, мувофиқи нақша дар ин мавзеъ дар масоҳати умумии 790 гектар боғи сиёҳолу бунёд шуда, дар умум дар ин мавзеъ беш аз 3 ҳазор гектар замини солҳои тӯлонӣ аз гардиши кишоварзӣ берунмонда дубора аз худ карда мешавад.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо кишоварзону мутахассисон таъкид дошт, ки бояд шохҳои иловагии ниҳолҳои шинонидашуда бо риояи қоидаҳои агротехникӣ бурида шуда, зери ниҳолҳо нарм карда шаванд ва барои нигоҳдории намии атрофи ниҳолҳо аз усулҳои нави обёрӣ, аз ҷумла обёрии қатрагӣ истифода баранд.
Ба иттилои раиси вилоят, бо мақсади обёрии ин заминҳо ва дастгирии деҳқонони ин мавзеъ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар муҳлати наздик пойгоҳи обкашии Дилварзин -3 аз таъмир бароварда мешавад, ки он имкон медиҳад тамоми заминҳои ин мавзеъ пурра бо оби полезӣ таъмин гарданд.
Баробари бунёди боғи сиёҳолу дар ин заминҳо деҳқонон ҳамчунин метавонанд маҳсулоти гуногуни полезиро кишт ва аз он ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.
Мутобиқ ба маслиҳати мутахассисони соҳаи боғдорӣ, деҳқонон метавонанд, шинонидани намудҳои «самарқандии барвақтӣ», «комета», «венгерка», «итолёнӣ», «испанӣ» ва ғайраро бештар ба роҳ монанд, зеро ин навъҳо аллакай дар соли саввум ба ҳосил даромада, дар суръати хуб нигоҳубин намудан метавонанд ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.

Февраль 26, 2016 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд