Бунёди коргоҳи рангуборкунии риштаҳои пахтагин дар Ёвон
Душанбе, 15.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Сохтмон ва таҷҳизонидани коргоҳи истеҳсолии рангуборкунии риштаҳои пахтагини ҶММ «Ваҳдат»-и ноҳияи Ёвон дар арафаи анҷомёбист.
Бобохуҷа Мирзоев, раиси ширкати мазкур гуфт, ки дар сурати пурра ба кор даромадани коргоҳ он дар як шабонарӯз 6 тонна риштаро ранг мезанад ва барои пурра кор кардани он дар соли 2016 50 нафар ба кори доимӣ қабул хоҳанд шуд.
Ба гуфтаи Б. Мирзоев 5 сол аст, ки 3 мутахассис аз Ҷумҳурии Мардумии Чин барои омӯзонидани ҷавонони тоҷик дар ин коргоҳ кор мекунанд ва мушкилоти асосӣ барои таъсис додани чунин корхонаҳо, ки бо таҷҳизоти нави электронӣ бояд фаъолият намоянд, нарасидани кадрҳои баландихтисос мебошад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






