Чин дар ҷанги зидди ДИИШ иштирок намекунад
Душанбе, 16.02.2016 (АМИТ «Ховар») — «Чин бо ҳайати эътилофи байналмилалӣ дар мубориза ба муқобили гурӯҳҳои террористии минтақаи Шарқи Наздик иштирок намекунад», — изҳор кард вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ван И. Дар ин бора хабаргузории Reuters иттилоъ дода, аз суханони Ван И навиштааст, ки «Ин тасмим аз сиёсати хориҷии кишвари Чин сарчашма мегирад, ки он ба ягон эътилофе, ки равияи ҷангӣ дорад ҳамроҳ намешавад. Эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ равияи ҷангӣ дорад. Аммо ин чунин маънӣ надорад, ки Чин дар мубориза бар зидди терроризм нақше ба худ намегирад. Пекин ният дорад дар самти мубодилаи маълумоти кашшофӣ, машқу тамринҳои ҷангӣ ва ҳамкории зиддитеррористӣ бо кишварҳои арабиро ба таври васеъ роҳандозӣ кунад, — қайд кардааст, Ван И.
Хотиррасон бояд шуд, ки моҳи декабри соли гузашта Ҷумҳурии Мардумии Чин қонун қабул кард, ки тибқи он нерӯҳои ҳарбии Чин метавонанд дар амалиётҳои зиддитеррористӣ дар хориҷи кишвар иштирок дошта бошанд. Пекин эътироф кардааст, ки дар сафи ҷанговарони гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» сокинони қисмати шимолу ғарбии Чин – уйғурҳо низ қарор доранд.








Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд






