Чкалов: Мулоқот бо фаъолон дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат
Душанбе, 12.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар шаҳри Чкалов бо сокинон оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр М. Нурзода, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ Б. Қудратов, мудири бахши фарҳанги шаҳр Т. Раҳимова ва раиси Кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр И. Усмонов перомуни моҳияти Паёми Пешвои миллат ибрози назар намуданд.
Аз иштирокдорон, ки масъулияти баландро дар корҳои ободониву созандагӣ дар робита бо аҳолӣ ба уҳда доранд, даъват шуд, ки барои омодагӣ ба таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашнҳо аз тамоми имконот истифода намуда, барои вусъати корҳо дар ин самт тадбирҳоро роҳандозӣ намоянд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






