Чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Артиш
Душанбе, 23.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар шифохонаи марказӣ- ҳарбии қисми ҳарбии 2938-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона бахшида ба 23-юмин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сардори шуъбаи кадрҳои Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Сулаймон Саидов сарбоз Саидкабир Юсуповро, ки дар сарҳади Тоҷикистон — Афғонистон ҳангоми амалиёт далерӣ нишон дода, ҷароҳат бардошта буд, барои шуҷоату далерияш бо медали олии Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дараҷаи 2 сарфароз гардонид. Сипас чорабинии фарҳангии идона бо иштироки санъаткорону ҳаҷвнигорон баргузор гардида, хотири сарбозону кормандони шифохонаи марказии ҳарбиро шод намуданд.
Дар чорабинии мазкур падару модарон ва пайвандони сарбозони шифохонаи марказӣ- ҳарбии қисми ҳарбии 2938-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табрики сарбозон омода буданд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






