Чорабинии тантанавӣ дар Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ

Февраль 18, 2016 17:31

Душанбе, 18.02.2015. (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз дар Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бахшида ба 23-юмин солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавӣ баргузор гардид. Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ тамоми иштирокдоронро бо ҷашни Артиши миллӣ табрик гуфта, иброз намуд, ки дар тӯли 23 сол Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ барои ҳифз ва ҳимояи сарҳади давлатӣ, тамомияти арзӣ ва манфиатҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарҳади давлатӣ фаъолият намуда, ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидааст.
«Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон бори дигар моро вазифадор намуд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи баланди омодагии ҷангӣ, малакаи касбии сарҳадчиён, вусъати корҳои тарбиявӣ, ҷобаҷогузории кадрҳо, риояи интизоми ҳарбӣ, садоқат ба Савганди ҳарбӣ, мубориза ба муқобили терроризми байналмилалӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҳимояи боэътимоди сарҳади давлатӣ сари вақт тадбирҳои зарурӣ андешем. Дастуру супоришҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳро сармашқи фаъолияти хизматии ҳаррӯзаи ҷузъу томҳои қӯшунҳои сарҳадӣ қарор гирифта, барои иҷрои онҳо корҳои зиёде амалӣ мешаванд»,- илова намуд Раҷабалӣ Раҳмоналӣ.
Бояд гуфт, ки хизматчиёни қӯшунҳои сарҳадӣ дар тӯли фаъолияташон дар лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ зоҳир намуда, барои ҳифзи сарҳади давлатӣ, пойдории сулҳу субот ва ҳимояи сохти конститутсионӣ борҳо ҷоннисорӣ намудаанд.
Меҳмонон зимни суханронӣ аз кумак ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тайёр намудани кадрҳои ҳарбӣ, боло бурдани тартиботи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ барои хизматчиён ёдовар шуда, зикр карданд, ки имрӯз барои афсарону аскарон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар анҷоми маросими тантанавӣ ба афсарон барои ба натиҷаҳои назаррас расидан аз номи раиси КДАМ ҶТ ва Фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ифтихорномаҳо, нишонҳои сарисинагӣ, медалҳои ҷашнӣ ва туҳфаҳои қиматноқ тақдим гардиданд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Февраль 18, 2016 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд