Дар ду рӯз беш аз 1600 гуреза аз Сурия ба Туркия ворид шуд

Февраль 2, 2016 15:28

Анқара, 02.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар ин бора рӯзи якшанбе Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиии Туркия иттилоъ дод.
Бино ба иттилои манбаъ, дар давоми ду рӯз 1635 гуреза аз Сурия ба ҳудуди Туркия гузаштааст.
«Туркманҳо ва арабҳои Сурия аз сабаби ҳамлаҳои зиёд дар минтақаи Байирбуҷак хонаҳои истиқоматиашонро тарк карда истодаанд. Дар рӯзҳои охир, ҳазорон оила дар лагерҳои Ямадӣ дар қаламрави Сурия ҷойгир карда шуданд. Дар робита ба он, ки хатар барои онҳо дар ин ҷо низ зиёд гардид, рӯзҳои 29-30 январ 1635 нафар, ки аксарияташонро занон, кӯдакон ва пиронсолон ташкил медиҳад, ба қаламрави Туркия гузаштанд. Онҳо дар манзили хешовандонашон ва дар марказҳои қабули гурезагони музофотҳои Хатай, Газиантеп ва Шанлиурф ҷойгир карда шуданд», — гуфта мешавад дар изҳороти Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва офатҳои табиии Туркия.

Февраль 2, 2016 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст