Дар раъйпурсии умумихалқӣ кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо фаъолона ширкат меварзанд
Душанбе, 23.02.2016.(АМИТ «Ховар»).-Имрўз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо мақсади шарҳ додани зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии вазорат ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре ки Нуралӣ Шоқурбонов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода дар бораи зарурат ва аҳамияти ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронд.
Муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Умед Давлатзод ва судяи Суди конститутсионии ҷумҳурӣ Даврон Ҳошимзода лоиҳаи тағйиру иловаҳои воридшавандаро ба Конститутсия муфассал шарҳ дода, таъкид намуданд, ки пешниҳоди номбурда тақозои замон буда, қабули он ба рушди минбаъдаи давлату ҷомеа нигаронида шудааст.
Н. Ҳикматуллозода аз кормандон даъват ба амал овард, ки дар рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба қабули тағйиру иловаҳои мазкур бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ фаъолона ширкат варзанд.








Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад
Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид






