Дар соҳаи саноати кўҳӣ муҷаҳҳаз гардонии таҷҳизоти истихроҷ ва коркард амалӣ шуд

Февраль 6, 2016 09:04

Душанбе, 6.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Таваҷҷуҳи  сармоягузорон ба ҳамаи соҳаҳои саноат бештар гардида, онҳо ба маблағи 3 млрд. 538 млн. сомонӣ сармоя  ворид намуданд. Ин имконият дод, ки соҳибкорони тиҷоратӣ фаъолияташонро ба самти истеҳсолӣ табдил диҳанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобозода иттилоъ дод.

Дар соҳаи саноати кўҳӣ муҷаҳҳаз гардонии таҷҳизоти корхонаҳои истихроҷ ва коркард амалӣ шуда,  консентрати мисс ва қалъагӣ бори аввал бо усули бойгардонии гравитатсионӣ ва флататсия истеҳсол карда шуд.

Бино ба гуфтаи вазир, оянда фабрикаи  мазкур  корхонаи металлургии истеҳсоли миси холис ва қалъагиро  бунёд менамояд.

«Дар заминаи корхонаҳои истеҳсолкунандаи консентрат, бо истифода аз таҷрибаи ҶДММ «Ширкати металлургии Анзоб», ки аввалин шуда ба истеҳсоли металли холиси сурмаи бо тамғаи (СУ-0) шурўъ кард, татбиқ намудани технологияҳои ба таври комплексӣ ҷудо намудани металлҳои нодири омехта, ки метавонанд манбаи иловагии занҷири арзиши иловашуда бошанд ташкил карда мешаванд”,-илова намуд Ш. Бобозода.

Февраль 6, 2016 09:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд