Дар Суғд маҳсулоти кӯҳнашудаву пастсифатро ошкор намуданд
Душанбе, 19.02.2016 (АМИТ «Ховар») — «Соҳибкори эронӣ Маҳмадалӣ Фарзофар бо ҷалби коргарони ҷамъияти «Абад-Тиҷорат» хурмои муҳлати истифодааш гузаштаву ба ҳам часпидаро ба зарфҳои махсус рехта, аз нав бо об шуста, ба қуттиҳои нав ҷойгир намуда, ба фурӯш баровардааст. Бо ҳамин усул ҳалвои муҳлаташ гузаштаро ба қуттиҳои нав ҷойгир, аз нав тамғагузорӣ намуда, бе нишондоди санаи истеҳсолу муҳлати истеъмол ба савдо мебаровардааст». Тибқи маълумоти ба АМИТ «Ховар» пешниҳодгардида, мутахассисони Маркази «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд якҷоя бо кормандони Раёсати КДАМ дар анборхонаи ҶДММ «Абад-Тиҷорат», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, санҷиш гузаронида, ба миқдори 8 тонна, баробар ба 52 ҳазор сомонӣ маҳсулоти хӯрокии пастсифат ва муҳлати истеъмолаш гузаштаро ошкор карданд. Маҳсулоти ошкоршудаи навъи «Фафа», ҳалвоҳои навъи «Симурғ» ва «Салих», намудҳои дигари шириниҳо истеҳсоли ҶИЭ буда, ба роҳбари ҶДММ «Абад-Тиҷорат» Маҳмадалӣ Фарзофар ва шарикони тиҷоратии ӯ тааллуқ доранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






