Дар Сурия имоми узбектабор аз Хабаровск кушта шуд

Февраль 2, 2016 15:31

Душанбе, 02.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар ин бора агентии иттилоотии «Байкал 24» хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, дар охири ҳафтаи гузашта маълум гардид, ки дар Сурия Самариддин Қаландаров, ки аз Хабаровск ба Ховари Миёна барои мубориза дар сафи гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» рафта буд, кушта шудааст.
Манбаъ меафзояд, ки Самариддин Қаландаров дар Узбекистон таваллуд шудааст ва ҳанӯз соли 2012 аз Якутск ба Хабаровск кӯчида буд. Чунонки шахсони ӯро мешинохта зикр менамоянд, вақтҳои охир ақидаҳои ӯ ба таври назаррас ифротӣ гардида буданд ва Самариддин барои ба сафи террористон ҳамроҳ шудан тобистони соли 2015 пинҳонӣ ба Сурия рафт.
Ба гуфтаи намояндагони ҷомеаи мусалмонии Хабаровск, Раёсати минтақавии ФСБ Русия аллакай марги Самариддин Қаландаровро дар Сурия тасдиқ кардааст.

Февраль 2, 2016 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст