Дар Восеъ нимпайкараи Рустам Амакиев гузошта мешавад

Февраль 10, 2016 15:23

Восеъ, 10.02.2016. (АМИТ «Ховар»).-23-юми феврали соли равон нимпайкараи роҳбари собиқи гурӯҳи «Алфа»-и КДАМ ҶТ Рустам Амакиев дар назди бинои литсейи касбӣ- техникии ноҳия гузошта мешавад. Бино ба иттилои раиси ноҳияи Восеъ Ғафурзода Мусо ҳоло корҳои тарҳрезии нимпайкара ба итмом расида, бинокорон ба қисми дуюми сохтмон шуруъ намудаанд. Нимпайкараи марҳум дар баландии 3,5 м гузошта шуда, дар атрофи он арчаҳои сабз шинонида мешаванд. Корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ «Ҳасан-Бегӣ» идома ёфта, то ин муддат 70%-и корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шудаанд. Барои насб кардани нимпайкара мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 100 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.
Ҳамчунин тасмим гирифта шудааст, ки бо инъикоси қаҳрамонию шуҷоатмандии ин марди далер китоби «Корнамоии безаволи Рустам» ба нашр расад. Зимни суҳбат Холалӣ Амакиев- падари марҳум Рустам Амакиев гуфт, ки онҳо ҳамеша аз ғамхорӣ ва дастгирии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон миннатдоранд, чунки хизмати Рустамро ба инобат гирифта, ба фарзандони ӯ як хонаи истиқоматӣ ва ду қитъаи наздиҳавлигӣ тақдим карданд.

Февраль 10, 2016 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Ҳангоми интиқоли маблағ ба кортҳои шахсони ношинос ба чӣ бояд диққат дод?
Дар Алмато платформаи миллии рақамии тандурустии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
«ИСТИҚЛОЛ — ГАНҶИ МИЛЛАТ, БАҚОИ ДАВЛАТ». Бо чунин унвон дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Оид ба дурнамои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Туркманистон конфронси байналмилалӣ доир гардид
Мавзеи Аксикони ноҳияи Ашт бо кӯли дорои лойи табиии шифобахш ва табиати нотакрор маъруф аст
Мактаб, оила ва ҷомеа — се неруе, ки бояд иттиҳоди ҳамешагӣ дошта бошанд
20 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТОЗАГӢ. Маданияти шаҳрнишиниро риоя бояд кард!
Ҷавонони Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии ҷавонон-2026 дар Екатеринбург иштирок намуданд
Дар Душанбе «Стратегияи ҳифзи саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол – 2026» ҷамъбаст гардид
Байни Агентии хизмати давлатии Тоҷикистон ва Вазорати идоракунии ҳайати Ҷумҳурии Корея Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
16 СЕНТЯБР — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КАРДИОЛОГИЯИ ИНТЕРВЕНСИОНӢ. Табобати бемориҳои дилу раг бо истифодаи ҷарроҳиҳои муосир ва бе буриши калон ба куллӣ тағйир ёфтааст